Имрӯз, 16 апрел дар Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илми бахшида «Бистсолаи омузиш ва рушди фанҳои табиатшиноси, дақиқ ва риези дар соҳаи илму маориф (соҳои 2020 - 2040)» ва «Солҳои рушди иқтисоди рақами ва инноватсия (2025 – 2030)» баргузор гардид, ки дар он доктори илмҳои физикаю математика, академики АМИТ Шабозов Мирган Шабозович бо маърузаи худ «О наилучшем совместном приближении функции рядами Фурье по собственным функциям задачи Шутурма - Лиувиля» баромад намуданд. Қаид менамоем, ки дар ин семинар кормандони илмии Институт, аспирантон, магистрону докторантони PHD ва омузгорони мактабҳои олии кишвар иштирок намуданд.
Рушди сармояи инсони бо роҳи омузиш ва бозомузии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилооти дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақами яке аз ҳадафҳои асосии ин панҷсола мебошад. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ва амру супоришҳои Парезиденти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Қобилҷон Хушвахтзода кормандони илмии Институти математикаи ба номи А. Ҷураев дар таиер намудани кадрҳои баландихтисоси илми талошу заҳматҳои зиед намуда истодаанд.
Семинари умумиинститутии Институти математикаи ба номи А. Ҷураев тули солҳои зиед фаъолият намуда истодааст ва дар ин семинар ҳамаи муҳақиқони соҳаҳои риезиети ҷумҳури ва берун аз он баромад намуда, оиди дастовардҳои назаррси хеш маъумотҳои муфассал пешниҳод менамоянд.