Имрӯз, 30 май дар Инстиути математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи байналмиллалии “Муаммоҳои муосири математика ва татбиқи он”, бахшида ба 75-солгарди академики АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Бойматов Камолиддин Ҳамроевич ва 75 – солагии доктори имлҳои физикаю математика, мудири шуъбаи муодилаҳои дифференсиалии Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ, профессор Ҷангибеков Гулхоҷа оғоз гардид.
Конференсияро директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. оғоз намуда, сухани ифтитоҳиро ба намояндаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон котиби шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ, д.и.т., профессор Ғафоров А.А. доданд. Сипас, намояндаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон котиби шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ, д.и.т., профессор Ғафоров А.А. баромад намуда, конференсияро аз номи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвактзода Қ. Х. ҳусни оғоз бахшида, дуруди Хушвактзода Қ. Х.-ро ба иштирокчиёни конфренсия расониданд.
Раҳимзода А.О. меҳмононро барои ташрифашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар конференсияи сатҳи байналмиллалӣ хайрамақдам гуфта, қайд намуданд, ки дар сатҳи балан гузаштани ин конфренсия бо ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади тақвияти корҳо дар ҳошияи "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)" ва бо дастуру пешниҳодҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвактзода Қ. Х. мебошад.