Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

СЕМИНАРИ ВАСЕЪИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Имрӯз 18.06.2025 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Ваҳдати миллӣ ” ва эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020 – 2040), семинари илмӣ дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ - қадам ба сӯйи шоҳроҳи устувори созандагиву бунёдкориҳо” баргузор гардид.

 

Директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м., Раҳимзода Алишер.Орзу. семинари имрӯзаро ифтитоҳи намуда аз ҷумла қайд намуданд, ки бо дастури Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» роҳандозӣ гардид, ки ба омӯзиши бавусъати илмҳои дақиқ такони ҷиддӣ бахшид. Мусаллам аст, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи фанҳои дақиқ асоси пешрафти ҳар як ҷомеа маҳсуб меёбад, чунки бе ихтирову кашфиёт наметавон, аз як тараф, кишварро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард, аз ҷониби дигар, ба пешрафти иқтисодиёт мусоидат намуд.

 

Раҳимзода А.О. суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро дар бисёр ҳам рӯзҳои мушкил Пешвои миллат бо ҳисси баланди ватандӯстии хеш баҳри пойдории сулҳу субот дар кишвар талоши зиёд намуданд.

Ҳамзамон, дар ин семинар дотсенти кафедраи системаҳои ахборотӣ – ҳисоббарории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Вилояти Суғд Мухамедова Шоира Файзуллоевна дар мавзӯи «Формирование и динамика когерентных структур в нелинейных диссипативных системах со спинами », инчунин муалими калони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботии ДМТ Пиров Саидали Мирзоалиевич дар мавзӯи «Таҳия ва тадқиқи критерияҳои миқдорӣ барои баҳодиҳии хушоҳангии калимаҳои точикӣ» баромад намуданд.

 

Сипас, Дар ин чорабини муовин директор оид ба илм ва таълим д.и.ф.м. Каримов О.Х. дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ ин ҷавшани миллӣ – алайҳи хатарҳои замони муосир» суханрони намуданд.

 

Инчунин, дар идома узви вобастаи АМИТ д.и.ф.м., професор Исҳоқов С.А.. баромад намуда гуфтанд, ки имрӯз сулҳу ваҳдати миллии пойдор ба тимсоли як ғояи умумимиллӣ ва ҳамзамон муттаҳидкунандаи ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд мубаддал гаштааст.

 

Ҳамчунин, мудири шуъбаи назарияи ададҳо, алгебра ва топология н.и.ф.м. Назрублоев Н.Н. дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон –поягузори Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон” баромад намуданд.

 

Қайд менамоем, устод д.и.ф.м. Каримов У.Х. семинарро ровии намуданд, ки дар ин семинар устоди муассисаҳои олии кишвар, аспирантон, докторантони PhD ва кормандони илмии Институт иштирок намуданд. Дар рафти семинар узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Исҳоқов С.А. баромад намуда, бо маърӯзачиёни семинар маслиҳатҳои муфид доданд.

 

Ёдовар мешавем, ки Вҳдати миллӣ ин падидаест, ки халқиятҳо ва мардумро ба ҳам оварда сулҳу субот ва осоиштагиро таъмин менамояд, ки дар натиҷа инсонҳо орому осуда зиндагӣ ва фаъолият менамоянд.