Имрӯз 25.06.2025 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Ваҳдати миллӣ ” дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ – ҳастии миллату давлат” баргузор гардид.
Директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м., Раҳимзода Алишер Орзу мизи мудавварро ифтитоҳи намуда таъкид дошт, ки бо сарбаланӣ имрӯз метавон гуфт, ки дар фазои Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамагӣ бисту ҳашт сол боз ваҳдату ягонагиро ба худ касб кардааст тибқи раддабандии кошиносони институтҳои сулҳ дар ҷаҳон яке аз кишварҳои боамнтарин дар дунё эътироф гардидааст ва умед аст, ки зери сиёсати хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъии миллати шарафманди тоҷик ҳазорсолаҳо сулҳу ваҳдати миллӣ пойбарҷо хоҳад монд.
Инчунин, Раҳимзода қайд намуданд, ки имрӯзҳо иқдомҳои бузурги бунёдкориву созандагӣ бо мақсади сарсабзию шукуфоиҳои пойтахт ва боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари ҳамешабаҳорамон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифта истодаанд, ки ин боиси ифтихор аст.
Ҳамзамон, Раҳимзода А.О. иброз намуданд, ки саҳми Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар таҳкими тафаккури ваҳдатсозона ва рушди неруи илмии кишвар назаррас аст. Бо роҳбарии хирадмандонаи ӯ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба як маркази муҳими ташаккули маърифат ва таҳкими арзишҳои миллию давлатдорӣ табдил ёфтааст.
Ҷиҳати рушди илмҳои дақиқ, хусусан математика ва физика, роҳандозии озмуну лоиҳаҳои миллӣ ва ҷалби ҷавонони лаёқатманд дар меҳвари фаъолияти роҳбарияти АМИТ қарор доранд.
Ҳамзамон, дар ин ҷаласа академики АМИТ д.и.ф.м., профессор Илолов М. бо мавзъуи “ Паёми ваҳдат ва бозтоби он дар андешаи миллӣ” баромад намуданд.
Сипас, дар давоми чорабинӣ ғолибони даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фуруғи маърифат” аз тарафи директори Институт Раҳимзода А.О. бо ифтихорнома ва маблағи пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.