Ҳамдиёрони азиз!
Тайи ду рӯз мешавад, ки мову шумо тариқи оинаи нилгун ва шабакаҳои иҷтимоӣ сафари бисёр пур барору ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ВМКБ мушоҳида намуда истодаем. Дар ҳақиқат кушодашавии нақбҳои азими мошингузар, бунёду азнавсозии роҳҳо ва кушодашавии бисёр корхонаҳои хурду бузургӣ саноътӣ самараи тинҷиву ороми ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Аз ин лаҳзаҳо бо шукургузорӣ аз
сулҳу суботи устувор дар кишвари азизамон Тоҷикистон 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро ба тамоми мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона муборак мегӯем.
Таърихро варақ занем, шоҳиди он мешавем, ки 28 сол муқаддам бо такя ба сиёсати хирадмандонаву сулҳҷӯёна ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки пеши роҳи низои даҳшатноки дохилиро гирад, барои интихоби низоми давлатдории навинӣ тоҷикон ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад.
Дар ҳақиқат имрӯз ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳимми ҷомеаи мо табдил ёфтааст ва масъалаи ваҳдату ягонагӣ дар кору фаъолияти давлат ва ҳар як фарди ҷомеа қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва онро ҳифз мекунанд.
Даргириҳои ахире, ки миёни кишварҳои абарқудрат сар зад ва дар кутоҳтарин рузҳои ангуштшумор чандин иншоотҳо вайрону валангор ва кудакон ятиму бе сарпаноҳ монданд баёнгари он аст, ки ҷангу хунрези ба ҷуз хисороту талафот чизедигаре намеорад.
Имрӯз мардуми сарбаланд ва ваҳдатофари тоҷик хуб дарк кардаанд, ки амалӣ гардидани ҳамаи омолу орзу ва нақшаву ниятҳои ҳар фарди ҷомеа, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан маҳз бо пайрави аз сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Рахмон ба даст омадааст.
Ба хусус дар шароити ниҳоят ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, торафт мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад.
Аз фурсати муносиб истифодабурда бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати 28 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегўям ва ба ҳамаи Шумо саломатӣ, пирӯзии рӯзгор, хушбахтӣ ва муваффақияту комёбиҳои беназирро орзу менамоям.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак! Ҳамдиёрони азиз.17:57