ДАР ЛАГЕРИ ТОБИСТОНАИ МАКТАББАЧАГОН «ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ»
Бо мақсади иҷрои банди 56-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо аҳли маориф ва илми кишвар 30 майи соли 2024 баён доштанд, рӯзи 10 июли соли 2025 бо дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Лагери тобистонаи «Файзи Истиқлол»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал нахустмулоқоти олимони соҳаҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мактаббачагони фаъоли кишвар баргузор гардид.
Дар ин мулоқоти хотирмон олимони шинохта ва муваффақи кишвар – Раҳимзода Алишер Орзу, номзади илмҳои физика ва математика, директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраев; Бӯризода Анвар Маҳмадалӣ, номзади илмҳои физика ва математика, директори Институти астрофизика; Қадамзода Дилшод Саттор, номзади илмҳои биологӣ, директори Институти зоологияи ба номи Е.Н. Павловский ва Ёрзода Фозил Самӣ, номзади илмҳои педагогӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуда, бо хонандагони болаёқат ва фаъоли мамлакат мулоқоти ошноӣ ва омӯзишӣ анҷом доданд.
Инчунин Раҳимзода А.О. аз номи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои хонандагон якчанд китоби “Сад математики муваффақ”, монография ва дастурамал барои ҳалли мисолу масъалаҳо тақдим намуданд.
Мулоқоти мазкур бо ҳадафи ташаккул додани донишандӯзӣ, тақвияти қобилияти зеҳнӣ ва бедор кардани шавқу рағбат ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баргузор гардид. Олимон кӯшиш карданд, ки дар қалби хонандагон ҳисси муҳаббат ба илм, тафаккури техникии муосир ва ҷаҳони андешаву эҷодро бедор намоянд.
Қайд карда шуд, ки бо эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020–2040)» аз ҷониби Пешвои миллат, таваҷҷуҳи хоса ба омӯзиши ин фанҳо зоҳир гардида, мақсад аз ин иқдом – баланд бардоштани сатҳи дониш, афзун намудани тафаккури илмӣ ва омода сохтани мутахассисони варзида барои рушди устувори иқтисодии кишвар мебошад.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд:«Бояд назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ шаванд, қобилияти эҷодии онҳо тақвият дода шавад ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад».
Ин суханони Пешвои миллат масъулияти аҳли ҷомеа, омӯзгорон, волидайн ва худи наврасонро барои боз ҳам бештар рӯ овардан ба илм, маърифат ва донишмандӣ боло мебарад.
Зикр гардид, ки рӯ овардан ба илм ва омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ – қадами боътимод барои таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар ва рақобатпазирии он дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар марҳалаи нави рушди Тоҷикистон, нақши илм ва тафаккури илмӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологияҳои муосир аҳаммияти хоса пайдо мекунад.
Дар идомаи мулоқот зикр гардид, ки тибқи Паёми солонаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон шудаанд. Ин ташаббус аҳаммияти татбиқи технологияҳои рақамӣ, навовариҳои муосир ва рушди зеҳни сунъиро дар иқтисодиёти кишвар ва ҳаёти ҷомеа таъкид менамояд.
Мулоқоти олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо насли наврас як иқдоми муҳим ва саривақтӣ дар ҷодаи татбиқи сиёсати давлатии соҳаи илму маориф мебошад. Ин чорабинӣ боиси тавсеаи ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани худшиносии илмӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавони ватанпарвару донишманд мегардад, ки дар оянда метавонанд барои рушди ҷомеа ва давлат саҳми босазо гузоранд. Ҷиҳати рушди илмҳои дақиқ, хусусан математика ва физика, роҳандозии озмуну лоиҳаҳои миллӣ ва ҷалби ҷавонони лаёқатманд дар меҳвари фаъолияти роҳбарияти АМИТ қарор доранд.21:58











12
Jul