Имрӯз, 5-уми ноябри соли ҷорӣ, дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ бахшида ба “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинӣ олимону докторон, кормандони илмӣ, магистрону докторантони Институт фаъолона ширкат варзиданд.
Дар оғоз директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. суханронӣ намуда, аҳамият ва нақши таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун санади муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ва кафили асосии давлатдории миллӣ таъкид намуданд.
Раҳимзода А.О. иброз доштанд, ки Конститутсия ҳамчун рамзи ваҳдат, адолат ва пойдории истиқлолият ба таҳкими пояҳои ҳуқуқии ҷомеаи демократӣ ва рушди устувори кишвар мусоидат менамояд. Ҳамзамон, ӯ тамоми кормандонро, аввал аз номи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва баъдан аз номи худ, бо ин ҷашни муҳими миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони тоҷик сулҳу оромӣ, ваҳдату субот ва комёбиҳои нав орзу намуданд.
Сипас, д.и.ф.м. Ҷангибеков Г. баромад намуда, дар бораи таърихи таҳия ва қабули Конститутсия, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии давлат, инчунин, аҳамияти ин санади олии кишвар дар рушди илм, маориф ва фарҳанги миллӣ андешаҳои хешро баён намуданд.
Дар анҷом узви вобастаи АМИТ, д.и.ф.м., профессор Исҳоқов С.А. қайд намуданд, ки таҷлили “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муҳим дорад. Ҳамчунин, профессор Исҳоқов изҳор доштанд, ки Конститутсия ҳамчун рамзи сарнавиштсоз ва кафили зиндагии орому осудаи ҳар як шаҳрванд боиси ифтихори миллӣ мебошад.






