Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА “РӮЗИ ПАРЧАМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ А.ҶӮРАЕВИ АМИТ

Имрӯз, 21-уми ноябри соли ҷорӣ, дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ бахшида ба “Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинӣ курсантони Академияи ВКД ҶТ, кормандони илмӣ, олимон, устодон, докторантону магистрон фаъолона иштирок намуданд.

Дар оғоз директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. суханронӣ намуда, Парчами давлатиро ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ, яке аз рукнҳои истиқлолият ва омили асосии ваҳдати миллӣ арзёбӣ карданд. Раҳимзода А.О. таъкид намуданд, ки Парчам барои ҳар шаҳрванди кишвар рамзи ифтихор, худшиносӣ ва пайванди ҷовидонаи таърихиву маънавӣ аст.

Ӯ ҳамчунин, аз номи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва аз номи худ, тамоми кормандони Институт ва меҳмононро бо ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрик гуфта, ба кулли шаҳрвандони кишвар сулҳу субот, баракат, ваҳдату ҳамдилӣ ва муваффақиятҳои беназир орзу намуданд.

Ҳамчунин курсантони фаъоли Академияи ВКД ҶТ бо маърӯзаҳои худ оиди парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикситон баромад намуданд.

Сипас, д.и.ф.м. Ҷангибеков Г. суханронӣ карда, дар бораи таърихи Парчами миллӣ, ҷараёни қабули он, рамзҳо ва маъноҳои олии дар он таҷассумёфта, инчунин нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва баланд бардоштани ҷойгоҳи рамзҳои давлатӣ сухан гуфтанд.

Дар идома д.и.ф.м. Қобилов М. иброз доштанд, ки таҷлили “Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ аҳамияти махсус дорад. Устод Қобилов М. таъкид намуданд, ки Парчами миллӣ ҳамчун рамзи шарафу ифтихор ва худогоҳии миллӣ ҳамеша бояд азизу муқаддас нигоҳ дошта шавад.