Бо иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати тақвият бахшидан ба омӯзиши фанҳои дақиқ, рушди илмҳои бунёдӣ ва дар доираи татбиқи иқдомҳо бахшида ба Бистсолаи рушди фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, 04 феврали соли 2026 дар Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмию назариявӣ баргузор гардид.
Дар семинар д.и.ф.м. Каримов Умед Хилолович ва ходими илмии Институт Ҳакимзода З.Ҷ. бо маърӯза дар мавзӯи «GEOGEBRA - барномаи математикии динамикӣ, ки геометрия, алгебра, ҷадвалҳо, графикҳо, омор ва таҳлилро дар як баста муттаҳид мекунад.» баромад намуданд.
Дар кори семинар олимону устодони соҳаи математика аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, инчунин донишҷӯйони Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия ва ходимони илмӣ, докторантону магистрантон фаъолона иштирок намуданд.
Иштирокчиён дар фазои баҳси илмӣ масъалаҳои муҳими усулҳои нави тадқиқотӣ ва натиҷаҳои бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, саволу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Семинар ба мубодилаи таҷрибаи илмӣ, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, ҷалби ҷавонон ба тадқиқоти илмӣ ва рушди минбаъдаи фанҳои дақиқ мусоидат намуда, дар фазои илмию эҷодӣ баргузор гардид ва барои иштирокчиён имконияти васеъ ҷиҳати ошноӣ бо натиҷаҳои нави таҳқиқотӣ фароҳам овард.





