Error message

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКА

Бо иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қ. Х., ҷиҳати тақвият бахшидан ба омӯзиши фанҳои дақиқ, рушди илмҳои бунёдӣ ва дар доираи татбиқи иқдомҳо бахшида ба Бистсолаи рушди фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, 18 феврали соли 2026 дар Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмию назариявӣ баргузор гардид.

Дар семинар Қаюмӣ Достон Даврон бо маърӯза дар мавзӯи « Формулаи асимптотӣ дар муаммоми умумикардашудаи тернарии Голдбах бо ҷамъшавандаҳои қариб баробар» баромад намуданд.

Дар кори семинар олимону устодони соҳаи математика аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, инчунин ходимони илмӣ, докторантону магистрантон фаъолона иштирок намуданд.

Иштирокчиён дар фазои баҳси илмӣ масъалаҳои муҳими усулҳои нави тадқиқотӣ ва натиҷаҳои бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, саволу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

Семинар ба мубодилаи таҷрибаи илмӣ, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, ҷалби ҷавонон ба тадқиқоти илмӣ ва рушди минбаъдаи фанҳои дақиқ мусоидат намуда, дар фазои илмию эҷодӣ баргузор гардид ва барои иштирокчиён имконияти васеъ ҷиҳати ошноӣ бо натиҷаҳои нави таҳқиқотӣ фароҳам овард.