Имрӯз, 5 март дар Институти математикаи ба номи академик А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Модарон” мизи мудаввари идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и АМИТ Қурбонова Ширин, як қатор бонувони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимону муҳаққиқон, кормандони илмӣ ва бонувони институт иштирок намуданд.
Ҷаласаро директори Институти математикаи ба номи академик А.Ҷӯраеви АМИТ, н.и.ф.м. Раҳимзода Алишер Орзу ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Модарон самимона табрик гуфтанд. Зимни суханронии худ қайд намуданд, ки модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, рамзи покиву садоқат ва асоси тарбияву камолоти инсон мебошад. Маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии модарон ҷомеа рушд намуда, насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ба камол мерасад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занону модарон дар ҷомеа сол аз сол боло рафта, барои фаъолияти онҳо дар соҳаҳои гуногуни илм, маориф ва фарҳанг шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Сипас, муаллимаи азиз Қурбонова Ширин дар бораи нақши занону модарон дар рушди илму маориф, тарбияи насли наврас ва таҳкими арзишҳои миллӣ андешаҳои худро баён намуда, саҳми бонувони донишмандро дар пешрафти ҷомеа баланд арзёбӣ намуданд.
Инчунин, мудири шуъбаи муодилаҳои дифференсиалӣ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Ҷангибеков Г. зимни баромади худ таъкид намуданд, ки занону модарон дар рушди илми муосир низ нақши муҳим доранд. Ба гуфтаи ӯ, дар соҳаи математика ва илмҳои дақиқ низ бонувони донишманд бо фаъолияти пурсамари худ дар пешрафти илм саҳми арзанда мегузоранд.
Баъдан, муовини директор оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои физика ва математика Каримов О.Х. баромад намуда, иброз доштанд, ки занону модарон дар ҷомеа на танҳо тарбиятгарони насли оянда, балки нерӯи бузурги пешбарандаи илму маърифат мебошанд. Ӯ таъкид кард, ки дастгирии занон дар самти илму таҳқиқот барои рушди ҷомеаи муосир аҳамияти хоса дорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти институт бонувон бо гулдастаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардида, ба ҳамаи модарону бонувони гиромӣ орзуи саломатӣ, саодати рӯзгор ва муваффақиятҳои навин дар фаъолияти илмӣ ва зиндагӣ таманно карда шуд.








