Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ АМИТ

Имрӯз санаи 20 апрели соли ҷорӣ дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ баргузор гардид.

Дар семинар мудири шуъбаи математикаи амалӣ ва механика д.и.ф.м. Кабилов М.М. бо маърӯза дар мавзуи « Вобастагии параметрҳои асосии сӯзиши филтронаи омехтаи метану ҳаво аз таркибии он» баромад намуданд.

Дар кори семинар директори Институт Раҳимзода А.О, олимону устодони соҳаи математика, инчунин ходимони илмӣ, докторантон фаъолона иштирок намуданд.

Ҳамзамон, директори Институт Раҳимзода Алишер Орзу низ доир ба ин мавзу фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, аҳамияти чунин таҳқиқотҳоро барои рушди илмҳои дақиқ ва татбиқи натиҷаҳои онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Иштирокчиён дар фазои баҳси илмӣ масъалаҳои муҳими усулҳои нави тадқиқотӣ ва натиҷаҳои бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, саволу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

Семинар ба мубодилаи таҷрибаи илмӣ, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, ҷалби ҷавонон ба тадқиқоти илмӣ ва рушди минбаъдаи фанҳои дақиқ мусоидат намуда, дар фазои илмию эҷодӣ баргузор гардид ва барои иштирокчиён имконияти васеъ ҷиҳати ошноӣ бо натиҷаҳои нави таҳқиқотӣ фароҳам овард.