Error message

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ АКАДЕМИК А.ҶӮРАЕВИ АМИТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори осуда ва дар фаъолияти меҳнативу илмӣ дастовардҳои назаррас орзу менамоям.

Шаҳри Душанбе имрӯз ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангии кишвар дар роҳи рушду ободӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овардааст. Махсусан, рушди инфрасохтори илмӣ ва таълимӣ, бунёди муассисаҳои муосир ва фароҳам овардани шароити созгор барои фаъолияти олимону муҳаққиқон имкон медиҳад, ки пойтахт ба як маркази воқеии тавлиди дониш ва навоварӣ табдил ёбад.

Дар чунин муҳити мусоид, рушди илми математика ҳамчун яке аз пояҳои асосии пешрафти технология ва иқтисоди муосир аҳаммияти махсус касб менамояд. Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти таҳқиқоти бунёдӣ ва татбиқӣ равона намуда, дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва тақвияти иқтидори зеҳнии кишвар саҳми назаррас мегузорад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки шаҳри Душанбе минбаъд низ бо татбиқи сиёсати созандаву бунёдкорона ва дастгирии доимии соҳаи илму маориф рушд намуда, мақоми худро ҳамчун маркази пешбари илму фарҳанг дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ боз ҳам таҳким хоҳад бахшид.

Бори дигар ҳамаи сокинони шарафманди пойтахтро ба ифтихори ин рӯзи фархунда табрик гуфта, ба шаҳри Душанбе ободию шукуфоии рӯзафзун ва ба ҳар як фарди ҷомеа бахту саодат ва муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

Рӯзи пойтахт муборак бод!

Бо эҳтиром Раҳимзода Алишер Орзу директори Институти математикаи ба номи академик А.Ҷӯраеви АМИТ.