Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА МАКТАБИ ИЛМИИ АКАДЕМИК УСМОНОВ ЗАФАР ҶӮРАЕВИЧ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар партави сиёсати маорифпарварона ва илммеҳваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рушди илм, технология ва тарбияи кадрҳои соҳибтахассусро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ менамоянд, имрӯз, 24 апрели соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба фаъолияти илмӣ ва мактаби илмии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, шодравон Усмонов Зафар Ҷӯраевич баргузор гардид.

Чорабиниро директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ бо қироати паёми табрикотии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода ифтитоҳ намуд. Дар паёми мазкур саҳми арзишманди академик Усмонов З.Ҷ. дар рушди илми ватанӣ, бахусус дар соҳаи математикаи амалӣ, моделсозии математикӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ махсус таъкид гардид.

Зикр шуд, ки мероси илмии ин донишманди варзида барои пешрафти илми муосири тоҷик аҳаммияти бузург дорад.

Дар кори мизи мудаввар олимону муҳаққиқон, шогирдон ва ҳамкорони устоди шодравон ширкат варзида, доир ба фаъолияти илмӣ, педагогӣ ва мактаби илмии Усмонов З.Ҷ. маърӯзаҳо ироа намуданд:

• Юсупов Мирзо Чӯлиевич — котиби илмии Шӯрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент;

• Ҷангибеков Гулхоҷа – мудири шубаи муодилаҳои дифференсиалӣ, д.и.ф.м, профессор.

• Худойбердиев Хуршед Атохонович — профессори кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, доктори илмҳои техникӣ, дотсент;

• Ғафуров Миршафи Ҳомидович — дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи иттилооти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент;

• Нӯъмонов Таълат Эшонқулович — директори иҷроияи Маркази ТИК (Академияи CISCO);

• Солиев Одилхоҷа Маҳмудхоҷаевич — сардори департаменти IT-и Dushanbe City;

• Дониёр Сангинзода — муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор.

Дар баромадҳо аз саҳми назарраси академик Усмонов З.Ҷ. дар рушди илм, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ташаккули мактаби илмӣ ва нақши ӯ дар рушди самтҳои муосири илмӣ сухан рафт.

Мудири шуъбаи математикаи амалӣ ва механикаи институт, доктори илмҳои физикаю математика Кабилов Маруф Маҳмудович низ дар баромади худ аз ҳамкориҳои илмӣ бо академик Усмонов ёдовар шуда, нақши ӯро дар рушди таҳқиқоти илмии институт махсус таъкид намуд.

Зимни маърӯзаҳо зикр гардид, ки академик Усмонов Зафар Ҷӯраевич ҳамчун олими барҷаста ва омӯзгори соҳибмактаб дар омода намудани мутахассисони соҳаи моделсозии математикӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рушди самтҳои муҳими илмӣ саҳми беназир гузоштааст. Мактаби илмии таъсисдодаи ӯ имрӯз низ дар корҳои таҳқиқотии шогирдон ва пайравонаш идомаи худро пайдо намуда истодааст.

Иштирокчиёни ҳамоиш таъкид карданд, ки мероси илмии академик Усмонов З.Ҷ. барои рушди минбаъдаи математика, технологияҳои муосир ва таҳкими иқтидори илмии кишвар заминаи устувор фароҳам овардааст.

Дар анҷоми чорабинӣ магистранти курси дуюми ихтисоси информатика Шарифов Мусо Умарович — барандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар соли таҳсили 2025–2026 бо Ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардид.

Меҳмонон ва ҳозирин аз хизматҳои арзишманди ин олими номвар бо эҳтироми хос ёд намуда, идомаи анъанаҳои мактаби илмии ӯро вазифаи муҳими насли имрӯзаи муҳаққиқон арзёбӣ карданд.