Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ИДОМАИ КОРИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “РУШДИ ИЛМҲОИ МАТЕМАТИКӢ, ИНФОРМАТИКА ВА МЕХАНИКА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ”

бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 майи соли ҷорӣ дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи дуюми кори конференсияи байналмилалии “Рушди илмҳои математикӣ, информатика ва механика дар даврони истиқлолият”, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт.

Конференсияи мазкур, ки дар доираи сиёсати илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, олимону муҳаққиқонро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор давлатҳои хориҷӣ ба ҳам оварда, барои баррасии масъалаҳои муҳими илмҳои математикӣ, информатика, механика ва зеҳни сунъӣ заминаи мусоид фароҳам намуд.

Дар рӯзи дуюми конференсия таъкид гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ илми тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат барои рушди илмҳои дақиқ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои илмӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Маҳз дар натиҷаи чунин сиёсати дурбинона имрӯз олимони тоҷик дар ҳамкориҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, дастовардҳои илмии худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки баргузор намудани чунин ҳамоишҳои илмии сатҳи байналмилалӣ ба татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040”, ки бо ташаббуси Пешвои миллат роҳандозӣ гардидааст, мусоидат намуда, барои рушди тафаккури илмӣ ва таҳкими робитаҳои илмии байналмилалӣ аҳамияти калон дорад.

Таъкид гардид, ки конференсияи мазкур инчунин дар асоси дастуру супоришҳо ва пешниҳодҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики АМИТ Хушвахтзода Қ.Х. баргузор гардида, ба истиқболи шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.

Дар рӯзи дуюми конференсия кори бахшҳои илмӣ аз рӯйи самтҳои «Функсионалӣ анализ, таҳлили математикӣ ва назарияи тақриб», «Муодилаҳои дифференсиалӣ», «Алгебра, назарияи ададҳо ва топология», «Моделсозии математикӣ, информатика, зеҳни сунъӣ ва механика» идома ёфта, олимону муҳаққиқон натиҷаҳои нави таҳқиқоти илмии худро муаррифӣ намуданд.

Аз ҷумла, иштирокчиён доир ба масъалаҳои ҳамвории ҳалҳои операторҳои эллиптикӣ, баҳодиҳиҳои коэрсивӣ, масъалаҳои назарияи ададҳо, функсияҳои Девенпорт – Ҳейлбронн, сифрҳои функсияи дзетаи Риман, моделсозии математикӣ дар системаҳои табиӣ ва масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар идоракунии захираҳои обӣ ва кишоварзӣ маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.

Дар фарҷоми кори конференсия иштирокчиён аҳамияти баргузории чунин ҳамоишҳои илмиро дар рушди илмҳои бунёдӣ ва татбиқӣ таъкид намуда, изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои конференсия барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва рушди минбаъдаи илмҳои математикӣ, информатика ва механика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд намуд.