Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: ОМИЛИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ПЕШРАФТИ ИЛМУ МАЪРИФАТ»

Дар доираи сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ: омили таҳкими давлатдорӣ ва пешрафти илму маърифат» баргузор гардид.

Дар оғози ҳамоиш директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ Раҳимзода Алишер Орзу ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, таъкид кард, ки Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, маҳз ба шарофати сиёсати дурандешона, сулҳҷӯёна ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо аз марҳилаи душвори таърихӣ гузашта, имрӯз ба давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва рӯ ба рушд табдил ёфтааст.

Зикр гардид, ки таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус илму маориф, заминаи устувор фароҳам овардааст. Дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба олимон, омӯзгорон ва ҷавонони соҳибистеъдод имрӯз натиҷаҳои назаррас ба бор оварда истодаанд. Аз ҷумла, эълон гардидани солҳои 2020–2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, татбиқи сиёсати давлатии рақамикунонии иқтисодиёт, рушди технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ аз муҳимтарин иқдомҳои стратегие мебошанд, ки барои таҳкими иқтидори илмии кишвар равона гардидаанд.

Таъкид карда шуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат роҳандозӣ гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ба яке аз муҳимтарин воситаҳои баланд бардоштани шавқу рағбати ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ, табиатшиносӣ ва техникӣ мубаддал гардидааст. Ин озмун дар баробари дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои наврасу ҷавон, барои рушди тафаккури илмӣ, густариши ҷаҳонбинии техникӣ ва омода намудани мутахассисони ояндаи кишвар нақши муассир дорад.

Ҳамзамон иштирокчиён иброз доштанд, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои рушди илмҳои бунёдӣ шароити мусоид фароҳам гардида, олимони кишвар имконият доранд таҳқиқоти илмии худро дар сатҳи баланд анҷом диҳанд. Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамчунин аз аҳаммияти таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд.

Сипас, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ Зоир Ҷурахон Маҷид дар мавзуи нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ маърӯза намуда, аз аҳаммияти таърихии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ёдовар гардид.

Дар идомаи ҳамоиш номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими калони илмии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ Мирзоев Ашурали Кенҷаевич доир ба заминаҳои ҳуқуқии таҳкими ваҳдат ва нақши он дар рушди устувори ҷомеа суханронӣ намуда, саҳми Пешвои миллатро дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ махсус таъкид кард.

Ҳамчунин, академик Илолов М. дар баромади худ аз ҷойгоҳи Ваҳдати миллӣ дар рушди илму маориф ва тарбияи насли наврас ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дастовардҳои назарраси илмии кишвар, рушди муассисаҳои таҳқиқотӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ маҳз самараи сулҳу субот ва ваҳдати ҷомеа мебошанд.

Дар қисмати дигари мизи мудаввар академик Шабозов М. доир ба аҳаммияти Ваҳдати миллӣ дар рушди илмҳои муосир, таҳкими иқтидори илмии кишвар ва омода намудани кадрҳои баландихтисос андешаҳои худро баён намуд.