Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ҷиҳати амалисозии ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди илм, таҳкими иқтидори илмии кишвар, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва дар партави тадбирҳо бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040», 8.07.2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ семинари навбатии илмӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар ходими илмии Институт Чариев Умедилло бо маърӯза дар мавзуи «Оид ба як баробарие, ки дар назарияи ададҳо истифода бурда мешавад» баромад намуд.
Зимни маърӯза муҳтавои баробарии мавриди таҳқиқ, хусусиятҳои назариявии он ва аҳамияти истифодаи он дар ҳалли масъалаҳои гуногуни назарияи ададҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, натиҷаҳои таҳқиқоти илмии муаллиф ва дурнамои идомаи корҳои илмӣ дар ин самт пешниҳод гардиданд.
Дар анҷоми семинар миёни иштирокчиён мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва муҳокимаҳои илмӣ баргузор гардида, оид ба мавзуи пешниҳодшуда фикру пешниҳодҳои муфид иброз шуданд.
Баргузории чунин семинарҳои илмӣ барои рушди таҳқиқоти бунёдӣ, тақвияти муҳити илмӣ, табодули таҷрибаи муҳаққиқон ва баланд бардоштани сатҳи дониши олимону муҳаққиқони ҷавон мусоидат менамояд.





