Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БО МАҚСАДИ ТАҲИЯИ НАҚШАИ МАВЗУӢ-ЭКСПОЗИТСИОНИИ “ОСОРХОНАИ КОНУНИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ” ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Дар озмун шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои эҷодӣ (аз ҳисоби шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ) иштирок карда метавонанд.

Талабот барои иштирок дар озмун:

1. Сармуаллифи лоиҳа бояд дорои маълумоти олии касбӣ дар соҳаи осорхонашиносӣ ва таҷрибаи амалии таҳияи консепсияҳои илмии осорхонавӣ, нақшаҳои мавзуӣ-экспозитсионӣ ё экспозитсияҳои осорхонавӣ бошад. Ба ҳайати гурӯҳи муаллифон мутахассисони соҳаи таърих, бостоншиносӣ, санъатшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва мардумшиносӣ низ иҷозат дода мешавад.

2. Ҳайати муаллифон набояд аз 3 нафар кам бошад.

3. Сармуаллиф ё роҳбари гурӯҳи муаллифон бояд на камтар аз панҷ сол собиқаи фаъолияти касбӣ дар осорхонаҳо, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ё фарҳангӣ дошта, таҷрибаи амалии таҳияи консепсияҳои илмии осорхонавӣ, нақшаҳои мавзуӣ-экспозитсионӣ, экспозитсияҳои доимӣ ё намоишгоҳҳои осорхонавиро доро бошад.

4. Иштирокчиёни озмун бояд дониши амиқ оид ба назария ва амалияи осорхонашиносӣ, таърих, бостоншиносӣ, фарҳанг, тамаддун, давлатдорӣ, мероси моддӣ ва маънавии халқҳои ориёӣ дошта бошанд.

5. Иштирокчиён бояд бо асосҳои назариявӣ ва амалии осорхонашиносӣ, усулҳои ташкили экспозитсия, тарҳрезии осорхонавӣ ва принсипҳои муосири муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ ошно бошанд.

6. Афзалият ба шахсон ва гурӯҳҳои эҷодие дода мешавад, ки таҷрибаи таҳияи консепсияҳои илмии осорхонавӣ, нақшаҳои мавзуӣ-экспозитсионӣ, экспозитсияҳои доимӣ ва лоиҳаҳои бузурги осорхонавиро доранд.

7. Бо назардошти фарогирии мавзуъ, иштирок дар озмун дар шакли гурӯҳи муаллифон (на камтар аз се нафар) тавсия дода мешавад. Ба ҳайати гурӯҳи муаллифон ҷалби осорхонашиносон, муаррихон, бостоншиносон, забоншиносон, санъатшиносон, фарҳангшиносон, мардумшиносон, хатшиносон, сиккашиносон, катибашиносн, меъморон, дизайнерҳои экспозитсия ва дигар мутахассисони соҳавӣ қобили қабул мебошад.

8. Нақшаи мавзуӣ-экспозитсионӣ бояд бо такя ба асосҳои назариявӣ ва амалии осорхонашиносӣ ва дар асоси Консепсияи илмии Конуни тамаддуни ориёӣ таҳия гардида, сохтори умумии экспозитсия, бахшҳо, зербахшҳо, комплексҳои мавзуӣ-экспозитсионӣ, тартиби ҷойгиркунии маводи экспозитсионӣ ва самти ҳаракати тамошобинонро дар бар гирад.

9. Ҳангоми таҳияи нақша истифодаи сарчашмаҳои илмии муътамад, натиҷаҳои таҳқиқоти муосир, фонди аслии осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, инчунин маълумот оид ба ашёи осорхонавии дар коллексияҳои осорхонавӣ, маҷмуаҳои хусусӣ, музоядаҳои байналмилалӣ ва дигар махзанҳои илмӣ ҳифзшаванда ҳатмӣ мебошад.

10. Дар нақша бояд ҷойгоҳ ва нақши ашёи аслии осорхонавӣ ҳамчун воситаи асосии муаррифии таърих ва тамаддуни ориёӣ муайян карда шавад. Истифодаи нусхаҳо, амсилаҳо, реконструксияҳо, диограмаҳо ва воситаҳои мултимедиявӣ танҳо ҳамчун воситаҳои ёрирасони экспозитсионӣ иҷозат дода мешавад. Лоиҳаи пешниҳодшаванда бояд асосноккунии илмии бахшҳо ва мавзуъҳои асосии экспозитсия, рӯйхати пешакии ашёи осорхонавӣ, пешниҳодҳо оид ба ҷойгиркунии онҳо, матнҳои тавзеҳӣ, инчунин тавсияҳо доир ба тарҳи бадеӣ ва истифодаи технологияҳои муосири осорхонавиро дар бар гирад.

11. Ҳангоми арзёбии корҳои пешниҳодшуда ба сатҳи илмӣ, риояи талаботи осорхонашиносӣ, воқеият ва дастрасии ашёи экспозитсионӣ, навоварӣ, ҷолибияти экспозитсионӣ, аҳаммияти фарҳангӣ ва имконияти амалии татбиқи лоиҳа диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

12. Нақшаи мавзуӣ-экспозитсионӣ бояд мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалии фаъолияти осорхонавӣ таҳия карда шавад.

13. Озмун ва натиҷаҳои он аз ҷониби комиссияи озмун, ки аз ҳисоби осорхонашиносон, муаррихон, бостоншиносон, санъатшиносон, фарҳангшиносон ва дигар мутахассисони соҳавӣ таъсис дода мешавад, баррасӣ ва баҳогузорӣ карда мешаванд.

14. Лоиҳаи пешниҳодшаванда бояд се марҳилаи асосии тарҳрезии илмии экспозитсия, аз ҷумла Консепсияи илмӣ, Нақшаи мавзуӣ-сохторӣ ва Нақшаи мавзуӣ-экспозитсионии Осорхонаи тамаддуни ориёиро дар бар гирифта, ҳамчун маҷмуаи ягонаи илмӣ ва осорхонашиносӣ пешниҳод карда шавад.

15. Барои пешниҳоди лоиҳаи Нақшаи мавзуи-экспозитсионӣ як моҳ муҳлат (аз рӯзи нашри эълон) муқаррар карда мешавад.

16. Барои ғолибони озмун 50 000 (панҷоҳ ҳазор) сомонӣ муқаррар шудааст.

Телефон барои тамос: +992 (37) 223 - 16 - 94

Email: shohzoda99@mail.ru

Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ