Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР

Имрӯз (5.10.2026) дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ Раҳимзода А.О. оғоз гардид. Директор зимни суханронӣ дар мавзӯи «Забони давлатӣ — рукни муҳими ҳувияти миллӣ ва нақши омӯзгор дар рушди маърифати ҷомеа» ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ дар таҳкими худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди илму маориф нақши муҳим дорад.

Зикр гардид, ки бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифз, рушд ва мақоми забони давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, барои таҳкими ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Ҳамчунин, дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ гардид.

Дар идомаи суханронӣ таъкид шуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қадами муҳим дар самти баланд бардоштани мақоми иҷтимоии омӯзгор, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти касбӣ мебошад. Дар ин замина, омӯзгор на танҳо ҳамчун мутахассиси соҳаи таълиму тарбия, балки ҳамчун шахси масъул дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ ва маърифати насли наврас арзёбӣ гардид.

Дар идомаи чорабинӣ, устоди гиромиқадр Дайхудо Ваҳдат Умедҷон, корманди Раёсати рушди стратегӣ ва менеҷменти сифати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, дар миззи мудаввар иштирок намуда, дар мавзӯи "Мақоми забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ ва нақши омӯзгор дар ҷомеаи муосир " баромад карданд.

Зимни баромади худ Дайхудо Ваҳдат Умедҷон зикр намуданд, ки рушди босуботи ҷомеа аз сатҳи маърифату дониш, фарҳанги истифодаи забони давлатӣ ва мавқеи омӯзгор вобастагии зиёд дорад. Ӯ ҳамчунин оид ба зарурати истифодаи дурусти забони тоҷикӣ дар муҳити таълимӣ ва корӣ андешаронӣ намуд.

Ҳамчунин, мудири шуъбаи математикаи амалӣ ва механикаи Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ, д.и.ф.м. Қобилов М., дар бораи аҳамияти забони тоҷикӣ дар рушди илму маориф, истифодаи дурусти забони адабӣ ва масъулияти олимону омӯзгорон дар ҳифз ва рушди забони давлатӣ суханронӣ намуд.

Дар рафти мизи мудаввар таъкид гардид, ки дастгирии пайвастаи соҳаи илму маориф ва омӯзгорон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва рушди неруи зеҳнии кишвар заминаи муҳим фароҳам меорад. Дар ин раванд, эҳтиром ба забони давлатӣ, омӯзиши амиқи он ва истифодаи дурусти забони тоҷикӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои забони давлатӣ, мақоми омӯзгор, рушди илму маориф ва масъулияти аҳли ҷомеа дар тарбияи насли наврас мубодилаи афкор намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро дар баланд бардоштани маърифати забонӣ ва касбии кормандон муҳим арзёбӣ карданд.

Мизи мудаввар дар фазои хуби маърифатию фарҳангӣ баргузор гардида, бо таъкиди аҳамияти забони давлатӣ ва мақоми омӯзгор дар ҷомеаи муосир ҷамъбаст гардид.