28 май дар шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.
Ҷонибҳо музокиротро дар доираи мулоқоти хоса оғоз карда, дар сиғаи васеъ бо иштироки ҳайатҳо идома доданд. Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю шарикии стратегии Тоҷикистону Россия, ҳамчунин масоили мубрами минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
@RustamEmomali