Роҳбарият, омӯзгорон ва ҳамватанони азиз! Ҳамаи Шуморо ба муносибати 30-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон табрик намуда ба кулли кормандон ва мардуми шарафмандӣ тоҷик саломатӣ, хушбахтӣ, осмони соф ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.
Мусаллам аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад. Чунки ин санади муқаддасу тақдирсози миллат кафили амният ва ҳамзамон сулҳу осоиштагии ҳар як сокини мамлакат маҳсуб ёфта, он инсонҳоро ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳсипар менамояд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: ”Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст”.
Лозим ба тазаккур аст, ки бо истифода аз ин санади муқаддас ва тақдирсоз, ки ҳамчун шаҳодатномаи иқболи миллат шинохта шудааст, тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фаъолияти худро пеш мебаранд. Маҳз ҳамин қонун аст, ки озодии шаҳрвандон, ҳуқуқи таҳсил дар мактаб ва донишкадаҳои олиро ҳимоя менамояд.
Дар охир ба якояки шумо ҳамватанони азиз тандурустиву иқбол дар зиндагӣ ва тавфиқи рӯзафзун дар фаъолиятҳоятон орзу менамоем. Бигзор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равшангари роҳи ҳаёти ободу осудаи мардум ва роҳнамои миллат дар масири расидан ба ҳадафҳои стратегии давлатамон бошад.