Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

БОЗДИДИ ДАБИРИ КУЛИ СММ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ БОСТОНШИНОСИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

05 июли соли равон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварда, ҳамзамон аз Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, ки дар заминаи Инстититути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш фаъолият менамояд бозид намуданд.

Дар ин боздид Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерришро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддин Исматулло ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Меҳмони олиқадрро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо хушнудӣ истиқбол намуда, аз ташрифи нахустини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Ҳайати меҳмонони олиқадрро директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Пулотов Абдураҳмон роҳнамоӣ намуда, дар мавриди замони ташкилшавии Осорхона ва ҳифзу гиромидошт нигоҳ доштани таъриху тамадун ва мероси ниёгони халқи тоҷик ёдовар гардид.

Сипас Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар китоби ёдоштҳои Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон соядаст гузоштанд.

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.