Error message

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

РУШДИ МАТЕМАТИКА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ: ТАҲЛИЛИ ИЛМӢ ВА РОҶЕЪ БА ТАШАККУЛИ МАКТАБҲОИ МАТЕМАТИКӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Истиқлолият неъмати бузург ва муқаддасест, ки ба ҳар миллат имкони худшиносӣ, худогоҳӣ ва рушди озодонаро фароҳам меорад. Барои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолият рамзи ваҳдат, оромӣ ва пешрафт мебошад. Маҳз бо шарофати истиқлолият, кишвари азизамон ба роҳи бунёдкорӣ қадам гузошт, соҳаҳои гуногуни иқтисод, илм ва маориф рушд карданд ва сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар гардид. Имрӯз мо ифтихор дорем, ки дар давлати соҳибистиқлол зиндагӣ мекунем ва ояндаи худро бо дасти худ месозем.

Боиси хурсандӣ аст, ки имсол мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 – солагии Истиқлолияти Ватанро бо фахри зиёд ва рӯҳи болида сазовор қайд мекунанд. Бояд гуфт, ки Истиқлолият бо осонӣ ба даст наомааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар солҳои аввали Истиқлолият халқи кишвар чӣ гуна мушкилотро паси сар кард ва барои он ки ба чунин рӯзҳои сулҳу осоишта расем, Сарвари давлатамон – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна заҳматҳои шабонарӯзиро мардонавор аз сар гузаронд.

Маврид ба ёдоварист, ки ба монанди дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, соҳаи илму маориф низ то рафт рушд намуда истодааст. Дар солҳои охири Иттиҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон мактабҳои илмии риёзии зерин фаъолият мекарданд:

1. Мактаби илмии профессор Магалим Акрамович Субханкулов оид ба «теоремаҳои намуди тауберӣ бо бақияҳо». То соли 1976 дар ин мактаб 10 нафар номзадони илм кору фаъолият менамуданд.

2. Мактаби илмии академик Михайлов Леонид Григорьевич оид ба «ҳалли муодилаҳои дифференсиалӣ ва интегралӣ, муодилаҳои физикаи математикӣ ва татбиқи онҳо». Зери роҳбарии Л.Г.Михайлов зиёда аз 30 нафар номзадҳои илм ва докторони илм рисолаҳои илмии худро ҳимоя намудаанд.

3. Мактаби илмии академик Абдуҳамид Ҷӯраев оид ба «тадқиқоти муодилаҳои физикаи математикии типҳои гуногун». Дар ин мактаб 12 нафар номзадҳои илм ва 1 нафар доктори илм рисолаҳои худро ҳимоя намудааст.

4. Мактаби илмии узви вобастаи АИ ҶТ Стеценко В.Я. «Методҳои тақрибии ҳалҳои муодилаҳои операторӣ» Дар ин мактаб 2 нафар докторони илм ва зиёда аз 50 нафар рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намудаанд.

5. Мактаби илмии узви вобастаи АМИТ Мухаммадиев Э.М. «Тадқиқи муодилаҳои дифференсиалии хаттӣ ва ғайрихаттӣ дар фазоҳҳои даври ва қариб даврии функсияҳои маҳдуд, тадқиқи методҳои топологӣ оиди масъалаҳои вариатсионӣ». Дар ин мактаб 2 нафар докторони илм ва зиёда аз 13 нафар номзадони илм ба воя расидаанд.

6. Мактаби илмии академики АИ ҶТ Бойматов К.Х. «Назарияи спектралии операторҳои дифференсиалӣ ва псевдо – дифференсиалӣ ва назарияи масъалаҳои канории варатсионӣ барои операторҳои эллиптикии таназзулёбанда» Дар ин мактаб 3 доктори илм ва зиёда аз 26 номзади илм ба рисолаҳои илмии худро ҳимоя намудаанд.

Қайд менамоям, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як рӯйдоди сиёсӣ, балки оғози марҳилаи нави рушди илм, маориф ва фарҳанг гардидааст. Дар ин раванд, математика ҳамчун яке аз илмҳои бунёдӣ мавқеи хосро ишғол намуда, барои пешрафти дигар соҳаҳои илм ва технологияҳои муосир замина мегузорад. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвари азизамон, фаъолияти муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ хеле назаррас буда, дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос саҳми арзанда гузоштааст.

Дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тадқиқотҳои илмӣ дар самтҳои назарияи аналитикии ададҳо, алгебра, топология, таҳлили функсионалӣ, муодилаҳои дифференсиалӣ ва интегралӣ, лингвистикаи математикӣ ва механикаи сӯзиши филтронии газҳо пайваста гузаронида мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ (аз соли 2001 то соли 2017) Шӯроҳои диссертатсионӣ аз рӯи ихтисосҳои «01.01.01 – таҳлили ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ; 01.01.02 – муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ; 01.01.06 – мантиқи математикӣ, алгебра ва назарияи ададҳо; 05.13.18 – тарҳрезии математикӣ, усулҳои ададӣ ва комплекси барномаҳо» фаъолият намуда, дар онҳо зиёда аз 25 нафар докторони илм ва 140 нафар номзадони илм рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуданд ва ҳамчун мутахассиси соҳибистеъдод дар муассисаҳои илмии АМИТ, муассисаҳои олии кишвар ва берун аз он кору фаъолият намуда истодаанд.

Айни замон дар институт шурои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисоси 6D060100 – математика аз рӯи самтҳои:

01.01.01 – таҳлили ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ;

01.01.06 – мантиқи математикӣ, алгебра ва назарияи ададҳо

фаъолият намуда истодааст, ки дар он 8 нафар докторони илм ва 54 нафар номзадҳои илм рисолаҳои худро ҳимоя намудаанд.

Баъди ба даст овардани истиқлолият, низоми таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нав ворид гардид. Яке аз ислоҳоти муҳим дар ин самт ҷорӣ намудани низоми бисёрзинагии таҳсилот, аз ҷумла зинаи магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD мебошад, ки барои омодасозии кадрҳои илмӣ ва баландихтисос аҳамияти калидӣ доранд.

Дар ин давра зинаи магистратураро 65 нафар, аспирантураро 59 нафар ва докторантураи PhD – ро 34 нафар кадрҳои баландихтисос аз рӯи ихтисоси математика ва информатика хатм намуданд. Айни замон дар институт дар зинаи магистратура 13 нафар ва дар зинаи докторантураи (PhD) 3 нафар таҳсил намуда истодаанд.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар институт зиёда аз 34 конференсияҳои илмии байналмиллалӣ гузаронида шуданд. Ин конфренсияҳо имконият доданд, ки алоқаҳои эҷодӣ бо марказҳои илмии математикии бузург барқарор карда шуда, тадқиқотҳои муштарак ба роҳ монда шаванд ва умуман ба сатҳи тадқиқотҳо дар соҳаи математика ва информатика таъсири мусбат расониданд.

Дар даврони истиқлол дар Институти математикаи ба номи академик А.Ҷӯраеви АМИТ мактабҳои бонуфузи илмӣ дар соҳаи математика ташаккул ёфтанд, ки дастовардҳои илмии онҳоро ба таври мухтасар чунин арзёбӣ намудан мумкин аст:

1. Мактаби илмии муодилаҳои ғайрисаҳеҳ ва стохастикии дифференсиалӣ ва татбиқи онҳо (роҳбари мактаби илмӣ академики АМИТ М.Илолов).

Натиҷаҳои тозаи илмии мактаби номбурда аз монографияҳо ва мақолаҳои риёзидонони маъруф Ю.Л.Далетский, С.Г.Крейн, Ю.Е.Гликлих (Россия), А.М.Самойленко (Украина), А.В.Балакришнан (ИМА), Я.И.Белополская (Исроил), Б.Оксендал (Норвегия) манша гирифтааст.

Дар мактаби мазкур масъалаҳои зерин дида баромада шудаанд:

· теоремаҳои мавҷудият ва ягонагии халли муодилаҳои эволютсионӣ бо ҳосилаҳои касрӣ дар фазоҳои банахӣ исбот карда шуда, шартҳои регулярии максималӣ ёфта шуданд;

· муодилаи параболикии квазихаттии аз системаи параболикӣ-эллиптикии Келлер – Сиджел хосилшуда ба муодилаи хаттии дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ ва коэффитсиентҳои тағйирёбанда оварда шуд; ба ин монанд дастоварҳо хеле зиёд мебошанд.

Дастовардҳои муҳимтарини намояндагони он дар маҷаллаҳои бонуфузи “Доклады РАН”, “Чебышевский сборник”, “Global and Stochastic Analysis”, “Stochastic Modelling and Computational Sciences” ба табъ расидаанд. Дар умум зиёда аз 100 мақолаи илмӣ чоп шуда 12 рисолаи номзадӣ дифоъ шудааст.

2. Мактаби назарияи наздиккунии беҳтарини функсияҳо (роҳбари мактаби илмӣ академики АМИТ М.Ш. Шабозов)

Сарчашмаҳои асосии ин мактаб ба натиҷаҳои классикии К. Вейерштрасс, С.Н. Бернштейн ва А.Н. Колмогоров такя намудаанд. Дастовардҳои ин мактаб идеяҳои умумии классикони дар боло номбаршударо такмил дода, натиҷаҳои асосии С.М. Никольский, С.Б. Стечкин, Н.П. Корнейчук ва В.М. Тихомировро истифода намуда, баъзе натиҷаҳои К.И. Бабенко (Россия), Н.И. Черных (Россия), Л.В. Тайков (Россия), A.Pinkus (ИМА), K.De Boor (Фаронса), K.Stessin (Австралия), P.Butzer (Германия), В.Вожняковский (Польша) ва дигаронро умумӣ намуда, ба фазоҳои нормиронидашудаи комплексӣ татбиқ кардаанд. Натиҷаҳои илмии ин мактаб дар маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ “Journal of Approximation Theoty” (ИМА), “Analysis of Mathematica” (Германия, ИМА), “Journal of Mathem. Sciences” (ИМА), “Jaen Journal on Approximation” (Испания), “Докл. РАН”, “Матем. заметки”, “Матем. сборник”, “Труды ИМ им. В.А.Стеклова”, “Труды ИМиМ СО РАН”, “Известия ВУЗов”, “Сибирский матем. журнал”, “Чебышевски сборник” нашр шудаанд.

Дар мактаби мазкур натиҷаҳои муҳими зерин ба даст оварда шудаанд:

· доимии аниқи нобаробарии намуди Ҷексон – Стечкин байни наздиккунии беҳтарини функсияҳои даврӣ, комплексӣ, бутун ва қиматҳои миёнаи модулҳои бефосилагии тартиби олии ҳосилаҳои функсияҳо ёфта шудаанд;

· нобаробарии аниқи намуди Колмогоров барои функсияҳои даврии дифференсиронидашавандаи ду тағйирёбанда, ки дар он нормаи ҳосилаҳои хусусии пайдарпаи он ба воситаи ҳосили зарби нормаи худи функсия ва нормаи ҳосилаи калонтарини функсия маҳдуданд, ёфта шудаанд. Инчунин ҳамин гуна нобаробариҳои намуди Колмогоров барои функсияҳои дутағйирёбандаи комплексӣ дар бидавраи аналитикӣ ёфта шудаанд; дастоварҳои илмӣ дар мактаб хеле зиёд мебошанд.

Шумораи умумии мақолаҳои ин мактаб зиёда аз 600 номгӯй мебошанд. Шогирдони ин мактаб 4 рисолаи докторӣ ва 45 рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд. Аз байни онҳо ду нафарашон сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ гардиданд.

3. Мактаби назарияи ададҳо (роҳбари мактаби илмӣ академики АМИТ З.Ҳ. Раҳмонов).

Дастовардҳои илмии ин мактаб дар самти ҳалли муаммоҳои назарияи аналитикии ададҳо ва назарияи функсияҳои махсус, натиҷаҳои пешинаи математикон И.М. Виноградов, А.А. Каратсуба (Россия), Г. Монтгомери (ИМА), Е.М. Райт ва Р. Вон (Англия), Пан Чен-Донг, Пан-Чен-Бяо, Жан-Тао ва К. Гонг (Чин), А. Селберг (Норвегия), Я. Мозер (Чехия), Дж.Б. Фридландер (Канада), И.Е. Шпарлинский (Австралия)-ро беҳтар намуда, дар маҷаллаҳои бонуфузи тақризшавандаи «Успехи математических наук», «Известия АН СССР, серия математическая», «Труды Математической института им. В.А. Стеклова Российской академии наук», «Известия Российской академии наук, серия математическая», «Доклады Российской академии наук» ва «Чебышевский сборник» чоп шудаанд. Соли 2018 нашриёти Springer монографияеро нашр намуд, ки дар он 7 – то беҳтарин натиҷаҳои илмӣ дар самти назарияи ададҳо ҷамъ оварда шудааст.

Натиҷаҳои асосии ин мактабро ба таври мухтасар чунин баён намудан мумкин аст:

· баҳои қимати миёнаи функсияи Чебишев аз рӯи ҳамаи характерҳои Дирихле бо модули додашуда ва аз рӯи ҳамаи характерҳои примитивии Дирихлеи модулашон аз бузургии додашуда калоннабуда гирифта шудааст (солҳои 1999-2020), ки аз баҳоҳои маълуми Г.Монтгомери (ИМА, с.1974) ва Р.Вон (Британия, с.1975) аниқтар мебошад;

· баҳоҳои ғайритривиалии суммаҳои қиматҳои характери ғайриасосии Дирихле аз рӯи модули таркибӣ дар пайдарпаиҳои ададҳои соддаи лағҷонидашуда гирифта шудааст (солҳои 2013 – 2018). Натиҷаҳои беҳтарин пештар ба И.М.Виноградов, А.А.Каратсуба (Россия) ва К.Гонг (Чин), Дж.Б.Фридландер (Канада), И.Е.Шпарлинский (Австралия) тааллуқ доштанд; чунин натиҷаҳо хеле зиёд мебошанд.

Натиҷаҳои дар боло овардашудаи мактаби мазкур ба ин силсила дар қатори натиҷаҳои математикони машҳури муосири дунё Теренс Тао ва Янош Пинс чоп шудаанд. Дастпарварони ин мактаб зиёда аз 500 мақолаҳои илмӣ чоп намуда, 1 рисолаи докторӣ ва 22 рисолаи номзадиро ҳимоя намудаанд.

4. Мактаби назарияи спектралии операторҳои дифференсиалӣ ва псевдо-дифференсиалӣ ва назарияи масъалаҳои канории варатсионӣ барои операторҳои эллиптикии таназзулёбанда (роҳбари мактаби илмӣ академики АМИТ К.Ҳ. Бойматов ва узви вобастаи АМИТ С.А. Исҳоқов)

Олимони ин мактаб як қатор натиҷаҳои илмро ба таҳқиқи хосиятҳои спектралии синфҳои васеи операторҳои дифференсиалӣ ва псевдодифференсиалро ба даст овардаанд, ки аз тарафи мактабҳои математикии бонуфузи ҷаҳон ҳамчун натиҷаҳои беҳтарин эътироф шудаанд. Дар ин равия онҳо натиҷаҳои профессорони хориҷӣ Николский С.М., Костюченко А.Г., Трибел Х., Лизоркин П.И. ва дигаронро умумӣ гардонидаанд. Ба замми ин аз тарафи намояндагони ин мактаб натиҷаҳои нави илмӣ дар назарияи ҳалшавандагии масъалаҳои вариатсиноӣ барои операторҳои эллиптикии таназзулёбандаи дараҷаи дилхоҳи ҷуфт ба даст оварда шудааст. Натиҷаҳои илмии ин мактаб дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо забони англисӣ нашр шуда дар аксарият мамлакатҳои хориҷ паҳн гардидаанд. Дар қатори натиҷаҳои беҳтарини ин мактаб дар солҳои охир чунин натиҷаҳоро қайд намудан мумкин аст:

· асимптотаи спектралии синфҳои гуногуни операторҳои таназзулёбандаи эллиптикии дараҷаи олӣ бо коэффитсиентҳои ғайрисуфта дар соҳаҳои номаҳдуд тадқиқ карда шуда, таъсири коэффитсиентҳои операторҳои тадқиқшаванда ба қисми асосии асимптотаи спектралии онҳо омӯхта шуд;

· усули «ангезиш бо потенсиали сингулярӣ» кашф карда шуд, ки имконият медиҳад, масъалаи спектралии Гасимов-Костюченко барои синфҳои мухталифи операторҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ дар соҳаҳои номаҳдуд ҳал карда шавад; . . .

Дар давраи истиқлолият дастпарварони ин мактаб зиёда аз 400 мақолаҳои илмӣ чоп намуда, 3 рисолаи докторӣ ва 20 рисолаи номзадиро ҳимоя намудаанд.

5. Мактаби назарияи муодилаҳои дифференсиалии сингулярӣ. (роҳбари мактаби илмӣ академики АМИТ Л.Г.Михайлов 1928 – 2017 ва док тори илмҳои физикаю математика, профессор Г.Ҷангибеков)

Дар ин мактаби илмӣ назарияи ҳалшавандагии муодилаҳои интегралии сингулярӣ дар соҳаи маҳдуд омӯхта шуда, барои онҳо ва масъалаҳои гуногуни сарҳадӣ барои муодилаҳои дифференсиалӣ теоремаҳои Нётеревӣ будан ва ҳисоб намудани индекс исбот карда мешаванд. Натиҷаҳои илмии ин мактаб дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо забони англисӣ нашр шуда дар аксарият мамлакатҳои хориҷ паҳн гардидаанд. Натиҷаҳои асосии мактаб инҳо мебошанд:

· синфи нави муодилаҳои интегралии махсус (ғайрифредголмовӣ) дохил карда шудааст, ки барои онҳо мавҷудияти спектри сартосарӣ исбот шудааст ва гуногунрангии ҳалшавандагии муодилаҳои аввала ва ҳамроҳшудаи он муайян гардидааст;

· муодилаҳои бисёрченаки интегралӣ бо ядрои якҷинсаи тартиби – n омӯхта шуда барои онҳо назарияи умумии ҳалшавандагӣ дар силсилаи фазоҳои вазндори банахии функсияҳо исбот карда шудааст; . . .

Тавассути ин мактаб зиёда аз 40 нафар номзадҳои илм ва 10 нафар докторони илм тайёр карда шуданд, ки дар муассисаҳои илмӣ ва педагогии ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд. Натиҷаҳои илмӣ ва монографияҳои ин мактаб дар маҷалаҳои илмии бонуфузи ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он ба чоп расидаанд.

6. Мактаби илмии лингвистикаи компютерӣ (роҳбари мактаби илмӣ академики АМИТ З.Ҷ. Усмонов 1937 – 2021).

Дар доираи ин мактаби шодравон Усмонов Зафар Ҷураевич чунин дастовардҳо ба даст оварда шудаанд: комплекси барномаҳо таҳти унвони «THR» (text homogeneity recognition), муайян кардани якҷинсагии матн; пакети забони тоҷикӣ дар Microsoft Office. Модули тафтиши орфографӣ дар Microsoft Office; пакети забони тоҷикӣ дар Microsoft Office. Модули аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо дар Microsoft Office; пакети забони тоҷикӣ дар Microsoft Office. Модули тезаурус дар Microsoft Office; пакети забони тоҷикӣ дар Microsoft Office. Модули Синоним, антоним ва омонимҳо; системаи ба таври автоматӣ таҳлили морфологии шаклҳои калимаи забони тоҷикӣ ва ғайра. Мактаби устодро бо мавзӯъҳои илмии гуногун шогирдон идома дода истодаанд ба монандӣ: коркарди системаи автоматӣ муайян кардани калимаҳои калидӣ; коркарди системаи автоматӣ баҳодиҳии душвории матн; сохтани корпуси забони тоҷикӣ ва ғайраҳо. Дар ин мактаб зери роҳбарии устод зиёда аз 20 номзад ва 4 доктори илм ҳимоя намудаанд. Чопи маводҳои илмӣ бошад: зиёда аз 400 мақолаҳо чоп шудаанд, инчунин 10 монография, 40 китобҳои дарсӣ, 30 патенту шаҳодатномаҳои зеҳнӣ ва ғайраҳо. Тадбиқи лоиҳаҳо: Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Прокуратураи Генералии Тоҷикистон; Академия Вазорати Корҳои Дохилӣ ва амсоли инҳо. Натиҷаҳои асосии мактаб инҳоянд:

· стандарти имлои ҳуруфи тоҷикӣ барои истифода дар технологияи шабакавӣ пешниҳод шудааст; ихтирооти мазкур аз тарафи намояндагии Москвагии ширкати MICROSOFT қабул шуда, дар муқарризи WINDOWS дохил карда шудааст. Ин ихтироот ба сифати стандарт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи 2004 таҳти рақами 330 қабул шудааст;

· конвертери компютерии тоҷикӣ-форсӣ, ки ба таври автоматӣ матни кириллии тоҷикиро ба матни форсӣ табдил медиҳад, сохта шудааст; . . .

7. Мактаби илмии физикаи математикӣ (зери роҳбарии узви вобастаи АМИТ И. Қурбонов).

Тадқиқотҳои илмии ин мактаб ба масъалаҳои муҳими самти физикаи математикӣ, назарияи чандирӣ, электродинамика, лаппиши тор ва мембрана дар самти масъалаҳои канории ғайрихаттӣ бахшида шудаанд. Аз ҷониби ин мактаб тадқиқотҳои зерин анҷом дода шудаанд:

· назарияи масъалаҳои канории ғайрихаттии электродинамика ва чандирии электромагнитиро сохтааст;

· ҳалшавандагӣ ва мавҷудияти ҳалли системаи ғайрихатии муодилаҳои интегроғдифференсиалиро, ки бо фарзияҳои муҳитҳои гуногун дар электротехника ва электромагнити чандириро исбот кардааст; . . .

Дар ин мактаб 7 нафар рисолаи номзадиро ҳимоя намудаанд.

Ай ҳол дар институт 5 шуъбаҳои илмӣ фаъолият намуда истодааст

1. Шуъбаи назарияи ададҳо, алгебра ва топология

Шуъбаи «Назарияи ададҳо, алгебра ва топология» соли 1999 бо ташабус ва корнамоиҳои академики АМИТ Раҳмонов З.Ҳ. ташкил шуда, то соли 2019 роҳбарии шуъбаро номзади илмҳои физикаю математика Ш.А.Хайруллоев ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2020 то сентябри соли 2024 вазифаи мудири шуъбаро Азамов А.З. роҳбари мекарданд. Аз октябри соли 2024 роҳбарии вазифаи мудири шуъба ба Назрублоев Н.Н. – номзади илмҳои физикаю математика вогузор карда шуд. Айни ҳол дар шуъба мутахассисони соҳаи назарияи ададҳо академик З.Ҳ.Раҳмонов, доктори илмҳои физикаю математика Каримов У.Ҳ., Хайруллоев Ш.А., номзади илмҳои физикаю математика Назрублоев Н.Н., Раҳмонов Ф.З., Фозилова Д.М., Аминов А.С., ходимони илмӣ Қаюми Д.Д., Комилов Ш.Ҳ., инчунин мутахассиси соҳаи алгебраи квазигурӯҳҳо узви вобастаи АМИТ Табарӣ А.Ҳ. ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мебошанд. Дар солҳои қабли дар ин шуъба мутахассисони соҳаи назарияи ададҳо В.М.Панов, Ш.К.Бобоёров, К.И.Мирзоабдуғафуров, З.Н.Қамаридинова ва Ш.Х. Мирзораҳимов ва дигарон кору фаъолият менамуданд. Айни ҳол кормандони шуъба ба тадқиқотҳои зерин машғул мебошад:

· тадқиқи рафтори суммаҳои кӯтоҳи тригонометрии Г. Вейл дар атрофи хурди марказҳои камонҳои калон;

· баҳои функсияи Харди дар масъалаи Варинг бо ҷамъшавандаҳои қариб мутаносиб;

· тадқиқи қатори махсус дар формулаи асимптотикии муаммои Варинг бо ҷамъшавандаҳои қариб баробар.

2. Шуъбаи назарияи функсияҳо ва таҳлили функсионалӣ

Шуъба соли 2005 дар натиҷаи муттаҳид намудани шуъбаҳои «Назарияи функсияҳо» ва «Таҳлили функсионалӣ» ташкил ёфта, то соли 2006 роҳбарии онро академик К.Ҳ.Бойматов, аз соли 2006 то 2013 роҳбарии онро академик М.Ш.Шабозов ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2013 то марти соли 2024 роҳбарии шуъбаро доктори илмҳои физикаю математика О.Х.Каримов ба ӯҳда дошт. Аз апрели соли 2024 роҳбарии шуъбаро узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор С.А. Исҳоков ба ӯҳда дорад.

Шуъбаи «Назарияи функсияҳо» соли 1970 аз ҳисоби кормандони илмии бахшҳои гуногуни институт М.К.Сатторов, М.Ш. Шабозов, М. Ширинбеков, ки дар риштаҳои назарияи функсияҳо тадқиқот мегузарониданд, ташкил карда шуд ва баъдтар ба онҳо И.Шокамолов ва А.М.Абдушукуров ҳамроҳ шуданд. Таҳқиқотҳои илмӣ дар шуъба асосан ба давомдиҳии аналитикии функсияҳои голоморфии аз якчанд тағйирёбандаи комплексӣ вобаста, наздиккунии функсияҳои тағйирёбандаи ҳақиқӣ бо операторҳои мусбат, ҳалли муаммоҳои аз боло наздиккунӣ бо функсияҳои супергармоникӣ дар компактҳо ва маҷмӯъҳои кушоди фазои бисёрченака бахшида шуда буд. Аз соли 2000 то соли 2005 ба шуъба узви вобастаи АМИ Тоҷикистон С.А.Исҳоқов роҳбарӣ мекард.

Шуъбаи «Таҳлили функсионалӣ» соли 1986 ташкил ёфтааст. Асосгузор ва роҳбари доимии он академик К.Ҳ.Бойматов – муттахассиси бузурги соҳаи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ буд. Дар солҳои гуногун дар ин шуъба С.А. Исҳоқов, А.Шарифов, М.З. Замонов, С.Ашуров, В.Файзиев кор кардаанд.

Натиҷаҳои номбаршуда, ки дар мактаби илмии К.Ҳ.Бойматов, С.А.Исҳоқов ба даст оварда шудаанд, аз натиҷаҳои мувофиқи назарияи ҷудокунии операторҳои диффетенсиалӣ (В.Н.Эверитт, М. Гиртс, М.Отелбаев ва диг.), назарияи спектралии операторҳои дифференсиалӣ ва псевдодифференсиалӣ (А.Г.Костюченко, М.Гасимов, Я.Т.Султанаев, А.Н.Кожевников, Г.В.Розенблюм ва диг.) ва назарияи фазоҳои вазндори функсионалӣ (С.М.Николский, П.И.Лизоркин, Н.В.Мирошин ва диг.) беҳтар мебошанд. Айни ҳол дар шуъба узви вобастаи АМИТ С.А.Исхоқов, академики АМИТ М.Ш.Шабозов, доктори илмҳои физикаю – математика О.Х. Каримов, номзади илмҳои физикаю математика А. Шарифзода, Сафарзода Э.Ҳ. ва ходимони илмӣ П.М.Фозилова, З.Ҷ.Ҳакимова ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мебошанд.

Имрӯзҳо дар шуъба тадқиқотҳо оиди

· ҷудошавандагии операторҳои дифференсиалӣ;

· асимптотикаи спектралии операторҳои дифференсиалӣ ва псевдодифференсиалӣ;

· сохтани резолвентаи операторҳои дифференсиалии навъи эллиптикӣ;

гузаронида шуда истодаанд.

3. Шуъбаи муодилаҳои дифференсиалӣ

Шуъбаи муодилаҳои дифференсиалӣ соли 2005 дар натиҷаи муттаҳид сохтани шуъбаҳои «Муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ» ва шуъбаи «Муодилаҳои физикаи математикӣ» ташкил ёфтааст. То соли 2017 шуъбаро академики АМИТ Л.Г.Михайлов ба ӯҳда дошт. То октябри соли 2024 вазифаи мудири шуъбаро номзади илмҳои физикаю математика Б.А.Раҳмонов ба ӯҳда дошт. Аз ноябри соли 2024 то ҳол иҷрокунандаи вазифаи мудириро доктори илмҳои физикаю математика, профессор Г.Ҷангибеков ба уҳда дорад.

Шуъбаи «Муодилаҳо бо ҳосилаҳои хусусӣ» соли 1963 аз ҳисоби кормандони бахши муодилаҳои дифференсиалии Шуъбаи физика ва математикаи назди Президиуми АИ ҶШС Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Асосгузор ва аввалин мудири он академик А.Ҷ. Ҷӯраев буд. Дар солҳои гуногун дар шуъба Д.М.Муртазоев, Р.Абдураҳмонов, А.Қозиев, А.Сангинов, Д.М. Қозиҷонова, С.Б. Бобоев, С. Байзоев, И. Сироҷиддинов, М. Нурублоев, Ҳ.Раҷабов ва Ф.Н. Ғафурова кор кардаанд. Тадқиқотҳои олимони шуъба бо роҳбарии А.Ҷ.Ҷӯраев, пеш аз ҳама, ба муодилаҳо бо ҳосилаҳои хусусӣ бахшида шуда буданд.

Шуъбаи «Муодилаҳои физикаи математикӣ» соли 1971 дар сохтори Шуъбаи физикаю математикаи назди раёсати АИ ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфт, ки асосгузор ва мудири доимии он академик Л.Г.Михайлов буд. Дар солҳои гуногун дар ин шуъба Б.М. Билман, А.И. Ачилдиев, З.Ҷ. Усмонов, Н.Р. Раҷабов, Г.Назиров, А. Муминов, Г. Ҷангибеков, А. Мӯҳсинов кору фаъолият кардаанд.

Имрӯзҳо дар шуъбаи муодилаҳои дифференсиалӣ тадқиқотҳои илмӣ дар самтҳои зерин гузаронида мешаванд:

· назарияи масъалаҳои умумикардашудаи канорӣ барои муодилаҳои эллиптикии таназзулёбанда;

· татбиқи методҳои назарияи функсияҳо дар назарияи масъалаҳои сарҳадӣ барои муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ;

· назарияи масъалаҳои ибтидоӣ-канорӣ барои муодилаҳои хаттӣ ва ғайрихаттии электродинамика;

Айни ҳол дар шуъба узви вобастаи АМИ Тоҷикистон И.Қурбонов, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Б.А.Раҳмонов, Халилов Ш.Б. ва ходими илмӣ М.С.Шарифзода ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғуланд.

4. Шуъбаи математикаи амалӣ ва механика

Шуъба соли 2005 дар заминаи шуъбаи «Механика» ва мактаби академик М.И. Илолов дар самти назарияи масъалаҳои ибтидоӣ – канорӣ барои муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ ташкил ёфта, мудири он академик М.И. Илолов (солҳои 2005 – 2013) буданд. Аз соли 2013 то соли 2019 мудири шуъба номзади илмҳои физикаю математика П.Б. Садриддинов ба ӯҳда дошт. Аз январи соли 2025 мудири шуъба доктори илмҳои физикаю математика, дотсент Кабилов М.М. таъин гардид.

Айни ҳол дар шуъба мутахассисони математикаи амалӣ академик М.И. Илолов, доктори илмҳои физикаю математика М.М. Кабилов, А.А. Қосимов, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент П.Б.Садриддинов, Н.Н. Степанова ва ходими илмӣ Д.Н. Гулҷонов ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғуланд.

Аз соли 2005 то имрӯз кормандони шуъбаи «Математикаи амалӣ ва механика» дар самтҳои зерин тадқиқотҳои илмӣ мебаранд:

· динамикаи хаосӣ дар системаи муодилаҳои дифференсиалии басоматӣ;

· ҳалли маҳдуд дар системаи танзимёфтаи Келлер-Сегел бо диффузияи хаттӣ;

· тадқиқи суръати мавҷи статсионарӣ ва ҳарорати даргирӣ ҳангоми сӯзиши филтронии газҳо;

· тадқиқи гидродинамикии ҷараёнҳои гирдобӣ дар каналҳои кушод бо назардошти сохтори он барои ҳисобкуниҳои гидравликӣ.

Натиҷаҳои бадастовардаи кормандони шуъба оиди назарияи полоишии сӯзиши газҳо ҳалли баъзе проблемаҳои ин назария мебошад, ки аз болои онҳо дар Россия ва Ҷумҳурии Белорус тадқиқотҳои фаъол рафта истодааст. Шуъба бо Институти математикаи Академияи миллии Украина, бо Институти механикаи ДДМ ба номи М.В.Ломоносов ва бо Институти уқёнусшиносии АИ Россия алоқаҳои зичи илмӣ дорад.

5. Шуъбаи тарҳрезии математикӣ

Шуъба соли 1980 таъсис дода шудааст, ки онро аз рӯзи ташкилшавӣ то соли 2021 академик З.Ҷ. Усмонов роҳбарӣ мекард. Аз соли 2022 то октябри соли 2024 роҳбарии ин шуъбаро номзади илмҳои физикаю мтематика Ф.З. Раҳмонов ба ӯҳда дошт. Аз январи соли 2025 то январи соли 2026 дар ин шуъба номзади илмзои физикаю математика Сафарзода Э.Ҳ. роҳбарӣ кардааст. Аз январи соли 2026 то ин ҷониб роҳбарии шуъбаи таҳрезии математикӣ ба уҳдаи номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Гулбоев Б.Ҷ. вогузор шудааст.

Ба қатори кормандони он дар солҳои гуногун докторони илм С.Т.Наврузов, И.Ҷ.Нуров, М.К.Юнусӣ, номзадони илм М.А.Исмоилов, Т.И.Ҳаитов, Ҳ.Наҷмиддинов, Р.И.Саъдуллоев, А.Ғаффоров, П.А.Пӯлодов, М.Ғаниев, Х.Т.Мақсудов, М.Ч.Юсупов, Қ.Ҳ.Зоҳидов, Ю.Горелов, У.Ҳаитова, М.Саксонов, М.А.Умаров, З.Сангинов ва дигарон шомил буданд.

Аз миёнаҳои солҳои 90 – ум сар карда, дар шуъба автоматикунонии коркарди ахбор дар забони тоҷикӣ инкишофи васеъ ёфт. Алалхусус:

· асосҳои таҳлили автоматии морфологии калимаҳои забони тоҷикӣ коркард шудааст;

· ҷобаҷогузории моҳиятан нави ҳарфҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар клавиатураи компютер ва телефонҳои мобилӣ пешниҳод карда шудааст;

· тасвири омории ҷумлаи аз ҳама умумии забони тоҷикӣ;

· навъи нави классификатори бузургии тасодуфӣ пешниҳод карда шуд, ки метавонад муаллифро аз рӯи порчаи матни нисбат ба талаботи дигар классификаторҳо кӯтоҳ муайян намояд.

Дар солҳои гузашта шуъба ҳаҷми зиёди тадқиқотҳоро иҷро намудааст, ки дар хоҷагии халқи ҷумҳурӣ татбиқ шудаанд:

· системаи тақсимоти худкори пиллаҳои буғшуда дар худкори пиллакашӣ барои комбинати абрешимии шаҳри Душанбе коркард шуда, дар амал татбиқ карда шудааст;

· барои заводи «Тоҷиктекстилмаш» зерсистемаи худкори баҳисобгирии таъминоти таҷҳизоти барқароркунанда коркард шудааст;

· асоси математикии тарҳрезии автоматии ҷӯйчаҳои ғалтаки ғунчакунак барои заводи «Тоҷиктекстилмаш» сохта шудааст;

· ба воситаи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон драйвери пештар сохташудаи ҷобаҷогузории ҳарфҳои тоҷикӣ дар клавиатураи компютер бо дастур оиди шинонидани он барои истифода татбиқ карда шудааст . . .

Дар ин давра институт бо муассисаҳои олии кишвар аз ҷумла, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Россиву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи техникии ба номи академик М.Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дигар донишгоҳои кишвар алоқаҳои илмӣ барқарор намуда, дар чаҳорчӯбаи ин ҳамкориҳо кормандони институт дарсҳои назариявию амалӣ бурда, ба корҳои курсию дипломии донишҷӯён, корҳои тадқиқотии аспирантон роҳбарӣ менамоянд. Семинарҳои муштараки илмӣ ташкил намуда, тадқиқотҳои якҷояи илмӣ мегузаронанд.

Ҳамчунин бо Институти математикаи ба номи В.А. Стеклов, Институти математикаи ба номи Рамоновскии Ҷумҳурии Узбекистон, Маркази ҳисобкунӣ, Институти масъалаҳои бозори Академияи Илмҳои Россия, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Институти математикаи Академияи миллии Украина ва Институти математикаи ба номи С.Л. Соболеви шуъбаи Сибирии Академияи илмҳои Россия, Институти математикаи амалӣ ва автоматикунонии маркази илмии Кабардино – Балкарияи АИ Россия, Университети федералии Шарқу – Шимоли Россия ба номи М.К. Аммосов, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тула ба номи Л.Н.Толстой ва бо Университети давлатии Термез алоқаҳои илмӣ дорад.

Дар доираи ин ҳамкориҳо кормандони институт, аз ҷумла, академик Раҳмонов З.Ҳ. ба ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Чебышевский сборник», ки ба рӯйхати маҷаллаҳои тақризшавандаи Scopus ва Web of Scienes шомил мебошанд, дохил мебошад; шодравон академик Усмонов З.Ҷ. ба аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Ахбороти Донишгоҳи Самара» (ба рӯйхати маҷаллаҳои Комиссияи Олии Аттестатсионии Россия шомил аст), «Маҷаллаи математикии Осиёи марказӣ» ва тақриздиҳандаи маҷаллаи «ComplexVariables», ки дар ИМА чоп мешавад, шомил буданд; узви вобастаи АМИТ Исҳоқов С.А. ва доктори илмҳои физикаю математика шодравон Борздыко В.А аъзои Ҷамъияти риёзидонҳои ИМА буда, тақриздиҳандаи доимии маҷаллаи “Mathematical Reviews” мебошанд, ки дар ИМА нашр мешавад; доктори илмҳои физикаю математика Каримов О.Х., ва Хайруллоев Ш.А., номзади илмҳои физикаю математика Раҳимзода А.О., ва Назрублоев Н.Н. ба ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Karshi Multidisciplinary International Scientific Journal (KMISJ)” шомил мебошанд.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар як қатор олимони институт барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи илм ва фаъолияти пурсамари тадқиқотӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Аз ҷумла,

· Раҳимзода Алишер Орзу ва Хайруллоҳзода Шамсулло Амрулло барои саҳми арзанда дар рушди илм, анҷом додани корҳои илмӣ – тадқиқотии муҳим ва иштироки фаъол дар ҳаёти илмии кишвар бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардид;

· Раҳмонов Зарулло Ҳусейнович барои саҳми назаррас дар рушди илми кишвар бо Медали «20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шуд;

Олимони институт ба мукофоти давлатии ба номи Абӯали ибни Сино дар соҳаи илм сазовор гардиданд:

· академики АМИТ А.Ҷӯраев – барои сохтани назарияи масъалаҳои канорӣ барои системаҳои муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусии навъи таркибӣ;

· академики АМИТ Л.Г. Михайлов – барои саҳми бузург дар инкишофи математика дар Тоҷикистон;

· академики АМИТ З.Ҷ.Усмонов – барои сохтани назарияи системаи умумикардашудаи Коши – Риман бо нуқтаҳои сингулярӣ ва татбиқи онҳо дар геометрия дар умум;

· академики АМИТ М.Илолов – барои саҳми бузург дар инкишофи математика дар Тоҷикистон;

Олимони зерини Институт ба мукофоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи С.У.Умаров сазовор гардидаанд:

· академик З.Ҷ.Усмонов – барои рушди соҳаи технологияҳои информатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

· узви вобастаи АМИТ С.А.Исҳоқов – барои ба даст овардани натиҷаҳои бунёдӣ дар назарияи масъалаҳои вариатсионӣ барои муодилаҳои хаттӣ ва ғайрихаттии таназзулёбандаи дифференсиалӣ;

· доктори илмҳои физикаю математика О.Х.Каримов – барои ба даст овардани натиҷаҳои бунёдӣ дар назарияи ҷудошавандагии операторҳои ғайрихаттӣ ва татбиқи он.

Инчунин, як зумра олимони институт ба ҷоизаҳои дигар низ сазовор гардиданд:

1. академики АМИТ М.Ш. Шабозов дорандаи Ҷоизаи асосии башардӯстонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – "Ситораҳои Иттиҳод" (соли 2021) мебошад.

2. доктори илмҳои физикаю математика Кабилов М.К. барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи илм, саҳми арзанда дар рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, инчунин баланд бардоштани обрӯи илми ватанӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ба «Ҷоизаи олими сол» сарфароз гардонида шуд.

Дар ин давра зиёда аз 10 нафар кормандони институт барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

Қайд менамоям, ки соли 2025 магистранти курси дуюми институт Ҳусенов Шоҳрух дар озмуни ҷумҳурявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз номинатсияи математика иштирок намуда, сазовори ҷои аввал гардид.

Маврид ба зикр аст, ҷиҳати таблиғи “20 – солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” тавассути пахши барномаҳои телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма саҳми кормандони институт назаррас мебошад. Вобаста ба масъалаҳои мухталиф зиёда аз 50 баромадҳо дар шабакаҳои телелевизионӣ ва радиоӣ анҷом дода ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ – оммавӣ ба нашр расонидаанд. Онҳо дар ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳурявии “Илм – фурӯғи маърифат” саҳми арзанда дошта, аз даври 1 – ум то даври 4 – уми он аз номинатсияҳои “Математика” ва “Технологияҳои иттилоотӣ” дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ва мактабҳои типпи нав (литсей, гимназияҳо ва мактабҳои хусусӣ), инчунин донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар ҳамчун аъзои ҳакамон ва раиси ҳакамон фаъолият менамоянд. Рафти баргузории озмун аз шабакаҳои телевизионҳо ба навор гирифта мешавад ва кормандони институт дар онҳо баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои худро баён мекунанд.

Айни ҳол мактабҳои илмии академикони АМИТ Илолов М.И., Шабозов М.Ш., Раҳмонов З.Ҳ. ва узви вобастаи АМИТ Исҳоқов С.А., инчунин мактаби илмии д.и.ф.м., профессор Ҷангибоков Г., Кабилов М.К. семинарҳои илмии худро мунтазам баргузор намуда, дар онҳо натиҷаҳои тадқиқоти навтарин мавриди муҳокима қарор дода мешаванд. Ин семинарҳо барои рушди илмӣ тоҷик ва баланд бардоштани сатҳи касбии муҳаққиқон нақши муҳим мебозанд. Ҳамчунин ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе семинари илмии умумиинститутӣ баргузор карда мешавад, ки дар он олимони соҳаи математикаи ҷумҳурӣ бо маърӯзаҳои худ баромад менамоянд. Дар ин семинар аспирантону унвонҷӯён, докторантони PhD ва магистрону ходимони илмӣ иштироки фаъолона менамоянд.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо ташабусҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва дастгириҳои Раёсати АМИТ ҷиҳати таҳким бахшидани пояҳои модию маънави институт ҳамасола утоқҳои корӣ, толорҳои дарсхони барои магистрон ва докторантони PhD, инчунин роҳравҳо таъмиру таҷдид карда мешаванд. Дар ин давра як толори копютерӣ бо асбобу анҷоми лозимӣ таҷҳизонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуд, ки аз он магистрон, докторантони зинаи PhD ва муҳаққиқони ҷавон метавонанд истифода баранд. Ин синфхона барои гузаронидани озмунҳо, аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз номинатсияи «технологияи иттилоотӣ» самаранок истифода бурда мешавад.

Директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ Раҳимзода А.О.