Error message

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ДАРСИ НАМУНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, густариши маърифати рақамӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши технологияҳои муосир, инчунин дар партави дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраев санаи 17.11.2026с дар гурӯҳҳои таълимии 401 ва 402 факултети 2-и Академияи ВКД ҶТ дарси намунавӣ баргузор гардид.
Дарси мазкурро директори Институти математикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раҳимзода Алишер Орзу, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсияи тоҷик дар мавзӯи «Зеҳни сунъӣ ва ояндаи Тоҷикистон: аз ташаббусҳои Пешвои миллат то рушди илми муосир» баргузор намуд.
Зимни дарс нахуст оид ба аҳаммияти таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди илму маориф суханронӣ карда шуд.
Қайд гардид, ки маҳз дар заминаи сиёсати созанда ва дурбинонаи роҳбарияти олии кишвар рушди илмҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ, инноватсия ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Аз ҷумла, ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти эълон намудани солҳои 2020–2040 ҳамчун бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ва таваҷҷуҳи махсус ба рушди зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим дар ин самт арзёбӣ гардиданд.
Дар идомаи дарс мафҳуми зеҳни сунъӣ, марҳилаҳои ташаккул ва имкониятҳои истифодаи он дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа шарҳ дода шуд. Ровии дарс бо мисолҳои мушаххас баён намуд, ки зеҳни сунъӣ имрӯз дар соҳаҳои маориф, тиб, иқтисодиёт, саноат, амният ва идоракунии давлатӣ имкониятҳои нав фароҳам оварда, ба яке аз омилҳои муҳими пешрафти давлатҳо табдил ёфтааст.
Ҳамзамон, ба масъалаи истифодаи оқилона ва масъулиятноки технологияҳои зеҳни сунъӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, амнияти иттилоотӣ ва пешгирии хатарҳои фазои маҷозӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки барои кормандони ояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ донистани технологияҳои муосир, баланд бардоштани саводи рақамӣ ва истифодаи дурусти имкониятҳои зеҳни сунъӣ аҳаммияти хос дорад.
Дар бахши дигари дарс директори институт ба масъалаи ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, махсусан математика, информатика ва барномасозӣ таваҷҷуҳ намуда, аз аҳаммияти иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ёдовар шуд. Зикр гардид, ки ин озмун барои ошкор намудани истеъдодҳои ҷавон, рушди қобилияти эҷодиву таҳқиқотӣ ва тарбияи насли дорои тафаккури илмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ин замина, курсантҳои гурӯҳҳои 401 ва 402 ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, аз худ намудани донишҳои муосири технологӣ, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Илм — фурӯғи маърифат», ва саҳмгузорӣ дар рушди илму техникаи кишвар ҳидоят карда шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ барои хониши аъло, интизоми намунавӣ, рафтори шоиста ва иштироки фаъолона дар раванди таълим ба курсантҳои гурӯҳҳои 401 ва 402-и факултети 2-и Академияи ВКД ҶТ ва барои масъулиятшиносӣ ба сардор ва муовини курси воҳиди таълимӣ-низомии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумхурии Тоҷикистон, Сипосномаҳои Институти математика тақдим карда шуданд.
Чорабинии мазкур дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба илму дониш ва масъулиятшиносӣ баргузор гардида, барои баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмӣ, маърифати рақамӣ ва ҳавасманд намудани ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир иқдоми муҳим арзёбӣ мегардад.