Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ДАВОМИ ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ А.ҶӮРАЕВИ АМИТ ВА АКАДЕМИЯИ ХУРДИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз сеюм рӯз аст, ки дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, бахшида ба даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар АМИТ мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинӣ хонандагони МТД “Гимназияи 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе" ва аъзоёни Академияи хурди илмҳои ҶТ бахши математика ва информатика иштирок варзиданд.

Аз рӯйи барномаи чорабинӣ муовини директор оид ба илм ва таълими Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, доктори илмҳои физика ва математика Каримов Олимҷон Худойбердиевич ва ходими илмии Институт Ҳакимова Зумрат Ҷамшедовна бо мавзуи илмиашон ва оиди дастовардҳои Институт дар даврони истиқлолият ва олимони барҷастаи математикаи тоҷик баромад намуданд.

Баъд аз он, д.и.ф.м. Каримов О.Х. ба хонандагон китобҳои математикони тоҷикро тақдим намуда, қайд намуданд, ки онҳоро метавонад дар оянда ба фанҳои дақиқ руй оварда, ба сафи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шомил шаванд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки семинари илмӣ ва чорабиниҳои мазкур дар ҳошияи "Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик" дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷалби наврасон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ ва дар пайрави аз ин сиёсат бо дастуру супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон , узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» ба роҳ монда шуд.