Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКА

Имрӯз 23 апрели соли ҷорӣ дар Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ семинари илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар семинар доктори илмҳои физика ва математика, профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сафаров Ҷу‌мабой дар мавзуи "Функсияхои дудаврагӣ ва метааналитикӣ" баромад намуданд.

Инчунин дар семинар директори Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ н.и.ф.м Раҳимзода А.О., академикони АМИТ Шабозов М, Раҳмонов З. Ҳ. узви вобастаи АМИТ Исҳоқов С.А., д.и.ф.м. Ҷангибеков Г., Кобилов М., Каримов У.Х., Каримов О.Х. ва ходимони илмӣ, доктарантон ва инчунин магистрон иштирок варзиданд.

Дар рафти семинар директори Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ н.и.ф.м. Раҳимзода А.О, устодон Шабозов М., Раҳмонов З. Ҳ. ва Исҳоқов С. А., Каримов У. Х., Каримов О.Х. баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои худро оиди марузаи Сафаров Ҷу‌мабой баён намуданд.

Чунин семинарҳо дар ҳошия ва татбиқи "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)" баргузор карда мешавад.