Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА “РӮЗИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ” ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ А.ҶӮРАЕВИ АМИТ

Имрӯз, 7-уми майи соли ҷорӣ дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, бахшида ба “Рӯзи ғалаба бар фашизм” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ҷаласа олимону докторон ва ходимони илмии Институт, магистрону доктарантон иштирок варзиданд.

Дар оғоз директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. баромад намуда, оиди дар бораи сабабҳои рух додани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оқибатҳои он суханронӣ намуданд.

Инчунин, Раҳимзода.А.О. иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат, тамоми шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро ба ифтихори ғалаба бар фашизми гитлерӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини кишвар сулҳу оромӣ ва зиндагии босаодат орзу намуданд.

Ҳамзамон, д.и.ф.м. Каримов У.Х. баромад намуда, оиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945), иштироки фарзандони тоҷик дар муҳорибаҳои ҳалкунанда, аз ҷумла ҳифзи Маскав, Сталинград, озодсозии Киев, Варшава ва ишғоли Берлин суханронӣ намуданд.

Дар охир узви вобастаи АМИТ, д.и.ф.м., профессор Исҳоқов С.А. дар бораи Ҷашн гирифтани Рӯзи ғалаба махсусан барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, садоқад ба давлату миллати хеш ва далериву ҷавонмардӣ, бузург кардани насли ҷавону наврас нақши бузург доштанаш, инчунин, пос доштани номи онҳое, ки ба хотири рӯзгори орому осудаи мо ҷонбозӣ намудаанд, суханронӣ намуданд.