Имрӯз 21.05.2025 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида “Рӯзи ҷавонон” ва эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040), семинари илмӣ дар мавзуи “Баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои дақиқ дар байни ҷавонон” баргузор гардид.
Директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м. Раҳимзода семинарро ифтитоҳи намуда аз ҷумла қайд намуданд, ки Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ иброз намуданд, ки мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.
Инчунин қайд намуданд, ки дар айни замон бо назардошти ҷалби ҷавонон ба омӯзиши асосҳои илму дониш бо ташаббуси Роҳбарияти олии мамлакат якчанд тадбири судманд амалӣ гардида, бунёди садҳо муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳу донишкада ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангӣ аз ҷумлаи табирҳои муассир барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа ва ҷавононро дида истодаем.
Дар охири суханрониашон таъкид намуданд, ки Ҷавононро имрӯз бояд дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ ва давлатдорӣ ба камол расонид.
Сипас,академики АМИТд.и.ф.м., профессор Шабозов М. ва узви вобасати АМИТ д.и.ф.м. профессор Исҳоқов С.А. баромад намуда, қайд намуданд, ки ҷавонони насли соҳибистиқлол, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро омӯхта, дарк намоянд, ки ҳимояи марзу буми Ватан, арзишҳои миллӣ ва фарҳангу миллати халқи кӯҳанбунёди тоҷик вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як ҷавони баору номуси ватан ва шаҳрвандони Тоҷикистон аст.