Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИННОВАТСИЯ

       Ин ҷо мо бояд қайд намоем, ки рушди илмӣ мамлакати Тоҷикистон ҳамқадами замон аст. Яъне тараққиёбии мамлакат дар доираи он равандҳое мебошад, ки дар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон барои осон намудани кору фаъолият зарур ва лозим дониста шудаанд. Ва ман аз ин ҳамчун олим ва омӯзгори маълумоти олии касбӣ бениҳоят хурсандам. Ва мо бояд қадр кунем, ки Ҳукумати кишварамон, давлати Тоҷикистон  чунин роҳро пеш гирифтааст, ва ин ҳама бо роҳбарӣ ва супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар амал ҷорӣ шуда истодаанд. Имрўз мебинем, ки масъалаҳои мубрами рӯз саривақти ҳалу фасли худро ёфта истодаанд. Масалан  “Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади амали кардани Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 1174 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.    

       Мақсади асосии Барнома фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати аз ҳисоби татбиқ ва интишори оммавии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионї ба ҳисоб меравад. Барномаи дигар ин “Барномаи давлатии компютеркунонии муасисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 2015, ки бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таьсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо технологияи компютерӣ ва омӯзиши амиқи технологияи иттилоотию комуникатсионӣ қабул шудааст. Чунин барномаҳо сари вақти ҳалли худро ёфта истодаанд. Имрӯз мо шоҳиди “Барномаи рақамикунонии иқтисодиёт ва инноватсия” мебошем, ки Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2025 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон доштанд ( 28 декабри соли 2024).

       Дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар ин самт моро ҳамчун масъулини муассисаҳои илм ва таҳсилоти олии касбӣ, дар қатори дигар вазорату идораҳои дахлдор водор месозанд, ки бо масъулияти хос дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисоси босалоҳият дар ҷодаи рақамикунонии соҳаҳо саҳмгузор бошем.

         Мо дар доираи лоиҳаи илмии Усулҳои ададӣ ва аналитикии ҳалли муодилаҳои дифференсиалии ғайрихаттӣ ва зеҳни сунъӣ  (2026-2030) дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон умедворем, ки шогирдон корҳои докторию номзадии худро ҳимоя мекунанд, ихтисосманди арзанда мегарданд ва дар навбати худ насли ояндаро тарбия мекунанд. Дар шӯъбаи математикаи амалӣ ва механика, ки ҳозир ман вазифаи мудири шӯъбаро ба ўҳда дорам 7 нафар корманди илмӣ фаъолият мекунанд, ки ду нафарашон доктори илмҳои физикаю математика (аз инҳо як нафарашон академики АМИТ), 4 нафар номзади илм ва 1 нафар довталаби номзади илм мебошанд. Дар доираи ин лоиҳа ба ғайр аз кор карда баромадани усулҳои ададии (рақамӣ-электронӣ) ҳалли муодилаҳои ғайрихаттӣ боз автоматикунонии ин ҳалҳоро дар назар дорем, ки ин як навъи таҳқиқот мебошад.

        Яке аз ҷанбаҳои муҳими зеҳни сунъӣ истифодаи усулҳои ададӣ мебошад, ки дар таҳияи алгоритмҳо ва моделҳо нақши муҳимро мебозад. Онҳо имконият медиҳанд, ки масъалаҳои мураккаби оптимизатсионӣ, омӯзиш ва таҳлили маълумотҳоро ҳал намоем, ки зеҳни сунъиро дар бисер соҳаҳо ба воситаи самаранок ва тавоно мубаддал мегардонадИстифодаи усулҳои ададӣ дар масъалаҳои мушаххас ва барномаҳои зеҳни сунъӣ фаҳмиши амиқи асосҳои математикиро талаб мекунад.

Кабилов М.М. – доктори илмҳои физикаю математика,

мудири шуъбаи математикаи амалӣ ва

механикаи Институти математикаи ба

номи А.Ҷўраеви АМИТ