Сообщение об ошибке

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКА

Имрӯз 6-уми августи соли ҷорӣ ҷиҳати татбиқи “Солҳои 2025-2030- Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” бо дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ семинари илмии умумиинститутӣ дар мавзуи “Зеҳни сунъӣ дар илмҳои муосири дақиқ”баргузор гардид.

Семинарро Раҳимзода Алишер Орзу, номзади илмҳои физика ва математика, директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраев оғоз намуда, оиди марҳалаи нави тараққиёти ҷумҳурӣ таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд, баромад намуданд.

Инчунин д.и.ф.м. Кобилов М. дар мавзуи “Омӯзиши мошинҳо” ва ходими илмии Институт Хакимова З.Ҷ. дар мавзуи “Зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар замони муосир” баромад намуданд.

Дар семинар академики АМИТ Илолов М., кормандони шуъбаи зеҳни сунъии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ва олимони соҳибмактаб ва ходимони илмӣ иштирок варзиданд.