Сообщение об ошибке

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ А.ҶӮРАЕВИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

«Истиқлолият бузургтарин дастоварди миллати тоҷикдар замони муосир аст ва мо бояд онро бо тамоми ҳастӣ ҳифз намуда, барои таҳкими пояҳои давлати миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардумамон саъю талошнамоем.»

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамватанон ва мардуми сарбаландӣ тоҷик!

34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯйдоди мубораку

сарнавиштсозест, ки ба ҳаёти мардуми тоҷик мазмуну муҳтаво ва шукӯҳи тозабахшид. Маҳз бо шарофати истиқлол мо тавонистем давлатдории миллии худро эҳё

кунем, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва фарҳанги миллӣ ва таърихи худро посдорем.

Бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони азиз аз вартаи ҷанги

шаҳрвандӣ ба сӯйи сулҳу субот, созандагӣ ва рушд қадам ниҳод. Нақши шахсии Пешвои миллат дар раванди таъмини сулҳ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди

иқтисодиву иҷтимоии кишвар таърихӣ ва сарнавиштсоз аст. Бо ифтихор метавонгуфт, ки имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар,

ташаббускори масъалаҳои глобалӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣмешиносанд.

Истиқлол ба соҳаи илм ва маориф такони ҷиддӣ бахшид. Бунёди муассисаҳои таълимии муосир, рушди инфрасохтори илм, таъсиси марказҳои наву инноватсионӣ, дастгирии олимони ҷавон ва ҳавасмандсозии хонандагони болаёқат шаҳодати таваҷҷуҳи доимии давлатба ин соҳаи ҳаётан муҳим мебошад. Имрӯз ҷавонони боистеъдоди тоҷик дар арсаҳои

гуногуни илмӣ, адабӣ ва фаннӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд, ки инҳама самараи Истиқлол ва сиёсати пешгирифтаи давлат аст.

Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза тамоми ҳамватанонро ба ифтихори 34-уминсолгарди Истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфта, орзу менамоем, ки Тоҷикистони маҳбубамон ҳамеша ободу ором, сарбаланду музаффар ва пуршарафу рў ба пешрафтбошад. Бигзор парчами Истиқлоли миллӣ дар қалби ҳар шаҳрванди кишвар парафшон

бошад!

Истиқлол муборак, Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Раҳимзода Алишер Орзу директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон