Сообщение об ошибке

  • Notice: Trying to get property of non-object в функции video_background_set_markup() (строка 191 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

Китоби нави дарсӣ аз тарафи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таҳия ва чопи китобҳои тахассусиро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас ироа намуданд. Пешвои миллат ҳамзамон Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ-ро вазифадор сохтанд, ки бо ҷалби олимони варзида Консепсияи таҳияи китобҳои дарсиро аз нав омода ва пешниҳод намоянд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки қабл аз нашр ҳамаи китобҳои дарсӣ ҳатман аз ташхиси олимони Академияи миллии илмҳо гузаронида шаванд.

Бо дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раванди таҳия ва чопи китобҳои тахассусӣ ба таври фаъол роҳандозӣ гардидааст. Яке аз натиҷаҳои намоён нашри китоби дарсӣ аз фанни математика — «Алгебра» барои хонандагони синфи 7 мебошад, ки онро корманди Институти математика ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ, номзади илмҳои физика ва математика Шарифзода Ассадуло таҳия ва ба табъ расондааст.

Нашри чунин китобҳои тахассусӣ қадами муҳим дар роҳи баланд бардоштани сатҳи таълим ва рушди маърифати насли ҷавон мебошад. Китоби нави «Алгебра» барои хонандагони синфи 7 на танҳо ҳамчун манбаи боэътимоди дониш хизмат мекунад, балки заминаи устувор барои пешрафти минбаъдаи фанҳои дақиқ мегардад. Ин иқдом шаҳодат аз он аст, ки сиёсати илмпарваронаи роҳбарияти мамлакат ва талошҳои олимон ба ҳам пайваста, ба таҳкими пояҳои маориф ва ояндаи дурахшони кишвар равона шудааст.