Имрӯз, 17 октябри соли 2025, дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯрӣ ва семинари илмӣ бо иштироки ҳайати илмии Донишгоҳи почта ва комуникатсияи шаҳри Чунсини Ҷумҳурии Халқии Чин баргузор гардид. Ба ҳайати меҳмонон профессор Понгхуа Ли, профессор Ҳоу Ҷи ва доктор Сын Сянг шомил буданд.
Дар оғози чорабинӣ вохӯрии меҳмонон бо директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, номзади илмҳои физика ва математика Раҳимзода Алишер Орзу баргузор шуд. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ байни муассисаҳои илмии Тоҷикистону Чин, мубодилаи таҷриба, рушди тадқиқотҳои муштарак ва ташкили барномаҳои мубодилаи олимон андешаронӣ намуданд.
Семинари илмӣ бо сухани ифтитоҳии директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, номзади илмҳои физика ва математика Раҳимзода Алишер Орзу оғоз ёфт. Номбурда аз ташрифи ҳайати илмии Донишгоҳи почта ва комуникатсияи шаҳри Чунсини Чин изҳори миннатдорӣ намуда, аҳамияти рушди робитаҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмиро таъкид намуд.
Баъдан академики АМИТ, доктори илмҳои физика ва математика Илолов М. бо сухани пурмазмун баромад намуда, баён дошт, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти илмҳои дақиқ, бахусус математика ва моделсозӣ, барои пешрафти илм дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим доранд.
Дар идомаи семинар профессор Понгхуа Ли низ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки Донишгоҳи почта ва комуникатсияи шаҳри Чунсин омода аст бо олимони тоҷик дар самтҳои таҳқиқоти илмии муштарак, мубодилаи донишҷӯён ва ташкили семинарҳои байнимилалӣ ҳамкориро густариш диҳад.
Сипас профессор Ҳоу Ҷи бо маърузаи илмии худ таҳти унвони «Data-driven consistent system identification for Hammerstein nonlinear systems» баромад кард. Дар гузориши илмии ӯ масъалаҳои марбут ба усулҳои муосири моделсозии системаҳои ғайрихаттӣ ва татбиқи онҳо дар соҳаи телекоммуникатсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми чорабинӣ директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, номзади илмҳои физика ва математика Раҳимзода Алишер Орзу, ба меҳмонон барои ташрифи онҳо ва саҳмашон дар рушди ҳамкориҳои илмӣ изҳори сипос намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.








