Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКА

17 декабри соли 2025 дар Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмию назариявӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни семинар доктори илмҳои физикаю математика, профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сафаров Ҷ. дар мавзӯи
«Применение эллиптических функций Якоби к решению некоторых классов нелинейных дифференциальных уравнений в частных производных» маърӯза намуд.

Иштирокчиён — олимони барҷастаи соҳаи математика, устодон, ходимони илмӣ, докторантону магистрантон — баҳси фаъолона анҷом дода, саволҳои худро оид ба усулҳои нави тадқиқотӣ ва натиҷаҳои пешниҳодгардида ироа намуданд. Семинар ба мубодилаи таҷриба ва густариши ҳамкориҳои илмӣ миёни ҷавонон ва собиқадорони соҳа мусоидат кард.

Чорабинӣ дар фазои илмию эҷодӣ баргузор гардида, барои иштирокчиён имконияти фарох ҷиҳати ошноӣ бо натиҷаҳои нави таҳқиқотӣ ва ташаккули равандҳои илмӣ фароҳам овард.