Санаи 14 январи соли 2026 дар Ташкилоти ибтидоии “Риёзӣ“-и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
1. Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025.
2. Ҳисоботи раиси Ташкилот оиди фаъолияти соли 2025.
3. Тасдиқи Нақша-чорабиниҳои Ташкилоти ибтидоии “Риёзӣ“-и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ барои соли 2026.
Оид ба масъалаи якум аъзои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Авпрупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Сангинзода Д.Ш. баромад намуда, қайд кард, ки Паём дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми солонаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ нақши муҳимро ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ва роҳнамои ислоҳоти ҳуқуқӣ иҷро менамояд.
Ислоҳоти ҳуқуқӣ раванди мураккаб ва бонизоми тағйиру иловаҳо дар низоми ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки бо мақсади таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мустақилияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, соддагардонии тартиботи мурофиавӣ, мутобиқсозии қонунҳои миллӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба сомон расонида мешавад.
Мувофиқи моддаҳои 55, 58, 64, 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян намуда, дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мебошад ва дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад мекунад.
Баъдан ҳисоботи раиси Ташкилоти ибтидоии “Риёзӣ“-и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ оиди ба фаъолияти ташкилот дар соли 2025 Раҳимзода Алишер шунида шуда, қаноатбахш баҳо дода шуд.
Дар муҳокимаи ҳисобот муовини Раиси КИИ “Хирадмандон”-и ЩХДТ дар АМИТ, доктори илмщои таърих Қурбонова Ширин суханронӣ намуда, такид карданд, ки ташкилот дар соли 2025 дар корҳои сиёсӣ, ҷамъитӣ, илмӣ, тарбиявӣ фаъол буда, аъзоёни ташкилот бо мукофотҳои гуногуни ҳизбию давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд. Нақша-чорабиниҳои Ташкилоти ибтидоии “Риёзӣ“-и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ барои соли 2026 бо пешниҳодҳоииаъзои ташкилот тасдиқ карда шуд.





