Сообщение об ошибке

  • Notice: Trying to get property of non-object в функции video_background_set_markup() (строка 191 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКА

Бо иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қ. Х., ҷиҳати тақвият бахшидан ба омӯзиши фанҳои дақиқ, рушди илмҳои бунёдӣ ва дар доираи татбиқи иқдомҳо бахшида ба Бистсолаи рушди фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, 21 январи соли 2026 дар Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмию назариявӣ баргузор гардид.

Дар семинар академики АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Илолов М. бо маърӯза дар мавзӯи «Дробное стохастическое уравнение теплопроводности для стационарного магистрального потока» баромад намуданд.

Дар кори семинар олимону устодони соҳаи математика аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хисрав, инчунин ходимони илмӣ, докторантону магистрантон фаъолона иштирок намуданд.

Иштирокчиён дар фазои баҳси илмӣ масъалаҳои муҳими усулҳои нави тадқиқотӣ ва натиҷаҳои бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, саволу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

Семинар ба мубодилаи таҷрибаи илмӣ, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, ҷалби ҷавонон ба тадқиқоти илмӣ ва рушди минбаъдаи фанҳои дақиқ мусоидат намуда, дар фазои илмию эҷодӣ баргузор гардид ва барои иштирокчиён имконияти васеъ ҷиҳати ошноӣ бо натиҷаҳои нави таҳқиқотӣ фароҳам овард.