Сообщение об ошибке

  • Notice: Trying to get property of non-object в функции video_background_set_markup() (строка 191 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

Иштироки директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва олимони он дар конференсияи илмӣ

Бо ташаббус ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо супориши gрезиденти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қ.Х., дар партави сиёсати давлатӣ ҷиҳати рушди илму маърифат ва дар доираи татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020–2040) фаъолияти муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраев, пайваста тақвият ва густариш дода мешавад.

Дар ин замина, дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои физикаю математика Раҳимзода Алишер, инчунин мудири шуъбаи алгебра, назарияи ададҳо ва топологияи институт, номзади илмҳои физикаю математика Назрублоев Насрулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронии худ Раҳимзода Алишер ба нақши калидии математика ҳамчун пояи рушди технологияҳои муосир, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ таъкид намуда, изҳор дошт, ки ошкор ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, инчунин ҷалби онҳо ба фаъолияти таҳқиқотӣ бояд аз зинаҳои аввали таҳсил оғоз гардад. Ҳамзамон, зарурати таҳкими ҳамкориҳои илмӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ҳамчун омили муҳими рушди фазои илмӣ махсус зикр гардид.

Дар идомаи конференсия як қатор маърӯзаҳои илмӣ ироа шуда, масъалаҳои мубрами алгебра, назарияи ададҳо ва роҳҳои такмили усулҳои муосири таълими математика мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Чорабинӣ бори дигар собит сохт, ки ҳамгироии самараноки мактаб ва илм, таҳкими робитаи устодону олимон ва ташаккули муҳити солими рақобатпазири зеҳнӣ заминаи боэътимоди рушди устувори илму маорифи миллӣ ба шумор меравад.