Сообщение об ошибке

  • Notice: Trying to get property of non-object в функции video_background_set_markup() (строка 191 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

Таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия дар Институти математикаи ба номи академик А.Ҷӯраеви АМИТ

Аз 2-юм то 13-уми феврали соли ҷорӣ дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯёни курси дувуми факултети илмҳои табиатшиносӣ, равияи математикаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия баргузор гардид.

Ҳадафи асосии таҷрибаомӯзӣ — таҳкими донишҳои назариявӣ ва ба даст овардани малакаҳои ибтидоӣ дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ буд. Дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён бо самтҳои муҳими таҳқиқотии институт шинос гардида, дар машғулиятҳои амалӣ, муҳокимаҳои илмӣ ва семинарҳо фаъолона иштирок намуданд.

Дар рафти таҷрибаомӯзӣ бо донишҷӯён директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м. Раҳимзода А.О., якчанд маротиба суҳбату мулоқот анҷом дода, доир ба нақши илми муосир, аҳамияти тадқиқоти бунёдӣ ва масъулияти муҳаққиқи ҷавон андешаҳои судманд иброз намуданд. Инчунин, роҳбари таҷрибаомӯзӣ аз ҷониби институт — муовини директор оид ба илм ва таълим, д.и.ф.м. Каримов О.Х., ҷараёни иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотиро ҳамоҳанг сохта, ба донишҷӯён роҳнамоӣ ва маслиҳатҳои амалӣ пешниҳод карданд.

Иштирокчиён зери роҳбарии олимону мутахассисони соҳа тарзи таҳияи маводи илмӣ, кор бо адабиёти тахассусӣ, усулҳои таҳлил ва коркарди натиҷаҳои тадқиқотиро аз худ намуданд. Ҳамзамон, тартиби омода намудани маърӯзаҳои илмӣ ва пешниҳоди натиҷаҳои тадқиқот ба онҳо фаҳмонида шуд.

Таҷрибаомӯзии мазкур қадами муҳим дар роҳи ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавони соҳаи математика ба ҳисоб рафта, барои рушди минбаъдаи фаъолияти илмии онҳо заминаи мусоид фароҳам овард.