Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «НАВРӮЗ – РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ ХАЛҚҲО» БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Имрӯз 16.03.2026 дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар муштарак бо Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров ва Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраев, ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ дар мавзуи « Наврӯз – рамзи дӯстӣ ва сулҳ байни халқҳо», баргузор гардид.

Сараввал, директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон н.и.ф-м. Буризода А.М. иштирокчиёни мизи мудавварро хайру мақдам гуфта дар сухани ифтитоҳии худ қайд намуданд, ки дар эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашни Наврӯз, нақши муҳимро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебозанд. Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Наврӯз ба омили муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ ва муаррифии фарҳанги ғании тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад, то ки ба ҳифз, омӯзиш ва тарғиби суннату анъанаҳои Наврӯз ва муаррифии фарҳанги миллӣ мусоидат намояд. Бо камоли эҳтиром ҳамаи шумо - ҳамкорони гиромӣ ва мардуми азизи кишварро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик менамоем.

Сипас директори Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ, доктори илмҳои физика ва математика Зарифзода А.Қ. баромад намуда, қайд карданд, ки ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангии ниёгон на танҳо дар байни мардуми тоҷик, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ мақоми баланд пайдо намудааст. Ба гуфтаи мавсуф, Наврӯз рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамдилии мардум мебошад.

Дар идома директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ, номзади илмҳои физика ва математика Раҳимзода А.О. баромад намуда, иброз доштанд, ки Наврӯз рамзи дӯстӣ ва ҳамбастагии халқҳо ба ҳисоб рафта, мардумони гуногуни ҷаҳонро ба сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ раҳнамоӣ мекунад. Ин ҷашни бостонӣ на танҳо оғози фасли баҳор ва соли нав, балки нишонаи ваҳдат, ҳамдилӣ ва наздикшавии миллатҳо низ мебошад. Наврӯз барои таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ғании миллати тоҷик аҳамияти муҳим дорад.

Ҳамзамон суханронии кормандони илмӣ, аз ҷумла ходими калони илмии Институти астрофизикаи АМИТ, номзади илмҳои физика ва математика Ризои Баҳромзод доир ба баробар шудани шабу рӯз дар айёми Наврӯз суханронӣ намуда, ходими калони илмии Институти астрофизикаи АМИТ Нурзода Ҳабибҷон Файзали Наврӯзро ҳамчун падидаи астрономӣ шарҳ доданд ва ходими пешбари илмии Институти астрофизикаи АМИТ, номзади илмҳои физика ва математика Коновалова Наталья Андреевна дар бораи маънои Наврӯз ҳамчун «рӯзи нав» ва оғози давраи нави сол баромад намуданд.

Дар анҷоми мизи мудаввар иштирокчиён доир ба аҳамияти таърихию фарҳангии Наврӯз мубодилаи афкор намуда, таъкид карданд, ки ин ҷашни бостонӣ ба таҳкими дӯстӣ, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо мусоидат менамояд. Ҳамзамон баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ барои омӯзиш, ҳифз ва тарғиби арзишҳои фарҳангии Наврӯз муҳим арзёбӣ гардид.