Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ «НАВРӮЗ — РАМЗИ ЭҲЁИ ТАБИАТ, ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ МАЪНАВИИ ҶОМЕА» ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ А.ҶӮРАЕВИ АМИТ

Имрӯз, 18 марти соли 2026, бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш олимону муҳаққиқон, кормандони илмӣ, магистрантону докторантон фаъолона иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, номзади илмҳои физикаю математика Раҳимзода А.О. суханронӣ намуда, аҳамияти таърихию фарҳангии ҷашни Наврӯзро ҳамчун рамзи эҳёи табиат, навсозии зиндагӣ ва таҳкими ваҳдату ҳамбастагии мардум таъкид карданд. Зикр гардид, ки Наврӯз аз қадимтарин анъанаҳои миллати тоҷик буда, дар тӯли асрҳо арзишҳои баланди инсонӣ, аз қабили дӯстӣ, некиву накӯкорӣ ва эҳтиром ба табиатро дар худ таҷассум намудааст. Имрӯз низ ин ҷашн ҳамчун омили муҳими таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди фарҳанги миллӣ хизмат менамояд.

Сипас, академики АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Шабозов М. оид ба ҷойгоҳи Наврӯз дар таърихи тамаддуни башарӣ, хусусиятҳои фалсафию маънавии он ва робитаи он бо рушди илму маърифат маърӯзаи пурмуҳтаво пешниҳод намуданд. Қайд гардид, ки Наврӯз на танҳо ҷашни миллӣ, балки падидаи нодири фарҳангии умумибашарӣ буда, дар он арзишҳои умумиинсонӣ, аз ҷумла эҳтиром ба меҳнат, табиат ва инсонгароӣ таҷассум ёфтаанд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгон яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ мебошад.

Баъдан, академики АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Раҳмонов З.Ҳ. зимни суханронии худ иброз доштанд, ки гиромидошти Наврӯз ва анъанаҳои неки он ба таҳкими худшиносии миллӣ, бедор намудани ҳисси ифтихори ватандорӣ ва ташаккули ҷомеаи солиму пешрафта мусоидат менамояд. Ба гуфтаи эшон, дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ аҳамияти махсус касб мекунад.

Ҳамчунин, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Исҳоқов С.А. андешаҳои худро баён намуда, зарурати ҳифз ва рушди арзишҳои фарҳангии миллӣ, густариши фарҳанги сулҳ ва таҳкими ҳамбастагии ҷомеаро таъкид намуданд. Зикр гардид, ки Наврӯз метавонад ҳамчун пули пайвандкунандаи фарҳангҳо ва омили муҳими таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни халқҳо хизмат намояд.

Мизи мудаввар дар фазои идона, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми амиқ ба арзишҳои миллӣ баргузор гардида, бори дигар аҳамияти Наврӯзро ҳамчун ҷашни ваҳдат, дӯстӣ, эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав таъкид намуд.