Дар партави дастгириву ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (2020–2040) ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 апрели соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмию назариявӣ баргузор гардид.
Дар семинар доктори илмҳои физикаю математика, мудири шуъбаи математикаи амалӣ ва механика Кабилов М.М. ва директори Институт Раҳимзода Алишер Орзу бо маърӯза дар мавзуи «Аналитические решения расщепленных систем уравнений Сен-Венана» баромад намуда, доир ба аҳаммияти назариявӣ ва татбиқии мавзуъ, усулҳои муосири таҳқиқотӣ ва натиҷаҳои нави илмӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар кори семинар академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илолов М., Раҳмонов З.Ҳ., ва узви вобастаи АМИТ Исҳоқов С.А. ,олимону устодони Институт, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, инчунин ходимони илмӣ, докторантон, магистрантон ва муҳаққиқони ҷавон фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамзамон, директори Институт Раҳимзода Алишер Орзу зимни суханронии худ таъкид намуд, ки маҳз дар замони Истиқлол, бахусус дар партави сиёсати илмпарваронаи Пешвои миллат ва дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои рушди илмҳои бунёдӣ, тавсеаи таҳқиқоти математикӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Иштирокчиён дар фазои мубоҳисаи илмӣ масъалаҳои муҳими марбут ба усулҳои нави тадқиқотӣ ва натиҷаҳои бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, саволу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Семинар ба мубодилаи таҷрибаи илмӣ, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, ҷалби ҷавонон ба таҳқиқоти бунёдӣ ва рушди минбаъдаи фанҳои дақиқ мусоидат намуда, дар фазои илмию эҷодӣ баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки чунин ҳамоишҳои илмӣ, бахусус дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, барои таҳкими неруи илмии кишвар ва рушди илми ватанӣ аҳаммияти махсус доранд.




