Сообщение об ошибке

  • Notice: Trying to get property of non-object в функции video_background_set_markup() (строка 191 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

Табрикоти директори Институти математика бахшида ба Иди саиди Қурбон

Ҳамватанони гиромӣ, олимону муҳаққиқон, омӯзгорон, кормандон ва дӯстдорони илму маърифат!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун Шуморо ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон — яке аз муқаддастарин ва муборактарин ҷашнҳои дини мубини ислом табрик ва таҳният менамоям.

Иди Қурбон рамзи волои инсонгароӣ, эҳсонкорӣ, меҳрубонӣ, сабру таҳаммул, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои неки ахлоқӣ мебошад. Ин иди муборак мардумро ба дӯстиву ҳамбастагӣ, кумаку дастгирии ниёзмандон, эҳтироми падару модар, пос доштани сулҳу субот ва таҳкими муносибатҳои неки инсонӣ раҳнамун месозад.

Боиси ифтихор аст, ки дар фазои орому осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мардуми сарбаланди мо тамоми ҷашну ойинҳои миллию диниро дар партави сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи

Эмомалӣ Раҳмон — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ таҷлил менамоянд.

Имрӯзҳо, ки Тоҷикистони азизи мо дар роҳи рушди устувори илм, маориф ва технология қадамҳои устувор мегузорад, ҳар яки моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди масъулият, садоқат ба Ватан ва меҳнати софдилона дар пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорем. Зеро рушду нумӯи давлат, пеш аз ҳама, ба маърифат, дониш ва заҳмати содиқонаи фарзандони он вобаста мебошад.

Дар ин рӯзи муборак ба ҳар хонадони тоҷик файзу баракат, осоиши рӯзгор, тандурустии комил, ризқи фаровон, саодату хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳи ҷовидона, ваҳдати пойдор ва пешрафту шукуфоии бештар орзу менамоям.

Иди Қурбон муборак бошад!

Бо эҳтиром Раҳимзода Алишер Орзу - директори Институти математикаи ба номи академик А.Ҷӯраеви АМИТ.