Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ҷиҳати рушди илмҳои бунёдӣ, таҳкими фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ дар соҳаи илму маориф», 24 июни соли 2026, соати 09:00 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари навбатии илмӣ баргузор гардид. Кори семинарро муовини директори Институт оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои физикаю математика Каримов О.Х. ифтитоҳ намуда, доир ба нақши семинарҳои илмӣ дар рушди таҳқиқоти муосир, таҳкими робитаи илм ва амалия, омода намудани муҳаққиқони ҷавон ва густариши ҳамкориҳои илмӣ суханронӣ намуд. Барандагии семинарро доктори илмҳои физикаю математика Каримов У.Х. ба уҳда дошта, аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои илмиро барои рушди минбаъдаи илми математика таъкид кард.
Дар ҷараёни семинар ходими илмии Институт, номзади илмҳои физикаю математика, профессор Чориев У., бо маърӯзаи илмӣ дар мавзӯи «Сумма произведений мультипликативных функций по числам, простые делители которых лежат в заданных интервалах» баромад намуд.
Дар маърӯза масъалаҳои муҳими назарияи ададҳо, аз ҷумла хусусиятҳои функсияҳои мултипликативӣ ва ҷамъҳои вобаста ба ададҳое, ки тақсимкунандагони содаи онҳо дар фосилаҳои муайян ҷойгир мебошанд, мавриди таҳлил ва баррасии илмӣ қарор гирифтанд. Натиҷаҳои пешниҳодшуда таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуда, вобаста ба мавзӯъ мубоҳисаҳои судманди илмӣ сурат гирифтанд.
Дар анҷоми семинар байни иштирокчиён мубодилаи афкор баргузор гардида, ба маърӯзачӣ барои пешниҳоди маърӯзаи пурмуҳтаво ва натиҷаҳои арзишманди илмӣ изҳори сипос карда шуд.
Семинар дар фазои созандаи илмӣ ва муҳокимаҳои судманд баргузор гардида, барои густариши донишҳои назариявӣ, табодули таҷрибаи илмӣ ва рушди минбаъдаи таҳқиқот дар соҳаи математика заминаи мусоид фароҳам овард.





