Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

МИЗЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮЪИ “МО ҚАДРУ МАНЗАЛАТИ ЗАН – МОДАРРО ГИРОМӢ ВА АЗИЗ МЕДОРЕМ” БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Имрӯз (5.03.2025) дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ мизи мудаввар дар мавзӯъи “Мо қадру манзалати Зан – Модарро гиромӣ ва азиз медорем” бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар бонувони Институт, устодон ва ходимони илмиву магистрон иштирок варзиданд.

Дар мизи мудаввар мудирони шуъбаҳо н.и.ф.м. Назрублоев Н.Н , н.и.ф.м. Сафарзода Э. ва ходимони илмӣ Комилов Ш., Раҳмонов Д, ва якчанд устодон оиди мавзӯҳои “Модар, нақш ва қадру манзалати ӯ”, “Зан – Модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт” ва “Занону бонувон баробар бо мардон боли парвози ҷомеа ва неруи ҳаракатдиҳандаи давлат ба сӯи ояндаи ободу осуда” баромад намуданд.

Ҳамчунин, директори Институтиматематикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. баён намуданд,ки занону бонувони мо дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона заҳмат кашида, дар рушди бомароми кишвар саҳми арзишманд гузошта истодаанд.

Дар охири ҷамъомад дар ҳошияи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастуру пешниҳодҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз тарафи директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. бо гулдаставу тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.