“Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем ва эҳтиромашро ҳамеша ба ҷой орем”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Тавре ҳамагон хуб медонем баъди соҳибистиқлолии кишварамон ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи 3-юми декабри соли 1999 “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи боз ҳам баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештар дода мешавад.
Зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, инчунин ҳалли масоили демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳоро ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст.
Чунки ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон маҳсуб ёфта, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри иштироки ҳамаҷониба ва баробарии занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ин гуфта асоси воқеии худро низ дорад.
Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ҳангоми шиносоӣ бо кору фаъолияти бонувони эҷодкори мамлакат зимни суханронии пурмуҳтавои худ аз он ҷумла чунин иброз дошта буданд: “Давлате, ки нисбат ба Модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”.
Дар ҳамбастагӣ ба ин гуфтаҳо Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо мақсади ҳалли бисёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳои муҳимми давлатиро амалӣ намуда, ҳамзамон ба таври пайваста низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа беш аз пеш мусоидат намояд.
Зимнан бояд қайд кард, ки аз оғози соҳибистиқлолии кишвар бо саъю талош ва инчунин ба туфайли ғайрату кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат ин пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳуқуқи зан ва мақоми ӯ дар ҷомеа маҳсуб меёфт.
Аз ин рӯ, бо мақсади иҷроиши масъалаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешбарандаи рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳоро тавассути мустаҳкам кардани мавқеи зан бо меъёрҳои конститутсионӣ ва минбаъд такмил додани онҳо тавассути қонунҳои соҳавӣ пеш гирифт. Ин амалкарди Роҳбари давлати тоҷикон ва шахсияти шинохта баҳри боз ҳам баланд бардоштани ҳуқуқ ва мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон низ ҳамчун асоси ҳуқуқӣ гардид, гӯем ҳам ягон хел иштибоҳ нахоҳем кард.
Лозим ба тазаккур аст, ки дар баробари ин дар сатҳи қонунгузории алоҳида низ ҳифзи ҳуқуқи занон дар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои зерқонунӣ низ қабул гардиданд, ки аз он ҷумла, тибқи муқаррароти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” аз санаи 1-уми марти соли 2005, таҳти рақами 89, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” аз 30-юми апрели соли 2021, таҳти рақами 167, “Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021 – 2025” аз таърихи 28-уми январи соли 2021, зери рақами 5 дарҷ гардидаанд.
Бар замми ин гуфтаҳои зикршуда дар “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” аз санаи 30-юми апрели соли 2021, таҳти рақами 167 бошад ҳамзамон самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба фаъолгардонии нақши занон муайян гардида, он ба татбиқи принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардону занон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои амалисозии он аз ҷониби занон, таъмини намояндагии баробари мардон ва занон дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ нисбати занон равона гардидааст.
Стратегияи мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар маросими савгандёдкунии худ баён доштанд, дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Лозим ба тазаккур аст, ки ҳадафи асосии Стратегия аз фароҳам овардани замина ва шароитҳои зарурӣ барои ба пуррагӣ нишон додани қобилияти занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ, механизмҳои татбиқи кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила, рушди соҳибкории занон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон, таъмини иштироки васеи онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳамзамон ба ин васила таъмини рушди устувори давлат мебошад.
Иди саидатон муборак, модарону хоҳарони азизу меҳрубон!
РАҲИМЗОДА Алишер Орзу,
номзади илмҳои физикаву математика,
директори Институти математикаи ба номи
А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон