Санаи 02.04.2025 дар факултаи механика ва математикаи кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфренсияи байналмилалӣ бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" ва 80-солагии профессор Боймурод Алиев баргузор гардид, ки дар он олимон, як чанд кормандон ва директори Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ Раҳимзода Алишер Орзу иштирок намуданд.
Инчунин, дар конфренсия академики АМИТ доктори илмҳои физика ва математика, профессор Раҳмонов Зарулло Ҳусейнович ва директори Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ н.и.ф.м Раҳимзода Алишер Орзу ва доктори илмҳои физика ва математика Қобилов М. ва якчанд кормандони Институт бо мавзӯъҳои илмиашон баромад намуданд.