Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

Санаи 16-уми марти соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи кории назди директори институт Раҳимзода А.О. баргузор гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими вобаста ба омодагӣ ва иштироки фаъолонаи магистрантон дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки озмуни мазкур яке аз ташаббусҳои муҳими давлат дар самти рушди илм, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ ва таҳкими неруи зеҳнии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Зимни ҷаласа зикр шуд, ки тибқи дастуру таъкидҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қ.Х., масъалаи дастгирии ҷавонони болаёқат, баланд бардоштани сатҳи омодагии илмии магистрантон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки онҳо дар озмунҳои илмӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассисаҳои илмӣ маҳсуб меёбад. Дар ин замина зарурати баргузории саривақтӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани даври дохилиинститутии озмун таъкид карда шуд.

Ҳамчунин дар ҷаласа муовини директори институт оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои физикаю математика Каримов О.Х. суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки иштироки фаъолонаи магистрантон дар чунин озмунҳо барои рушди тафаккури илмӣ, ташаккули қобилиятҳои таҳлилӣ ва омодасозии кадрҳои ҷавони илмӣ аҳамияти муҳим дорад. Мавсуф таъкид намуданд, ки роҳбарони илмӣ ва мудирони шуъбаҳо бояд ба раванди омодасозии магистрантон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Дар фарҷоми ҷаласа директори институт ба мудирони шуъбаҳо ва сардори шуъбаи магистратура дастуру супоришҳои мушаххас дода, онҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари магистрантон ба озмун, омодагии ҷиддӣ ва ташкили сатҳи баланди баргузории даври дохилиинститутии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.