Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Сокинони азизи пойтахт!

Бо самимияти беандоза ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику шодбош мегӯям.

27 июни соли 1997 пас аз талошҳои панҷсолаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки нодиртарин дастоварди миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Мо бояд хуб дарк намоем, ки таҷрибаи сулҳофарии мардуми тоҷик - тавассути хиради азалӣ, афкори солим ва андешаи сулҳҷӯёнаи хеш тавонист алангаи оташи ҷанги таҳмилиро хомӯш, давлатро аз нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот диҳад, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.

Маҳз бо дарки масъулияти сулҳу субот ва оромии ҷомеъа - заминаҳои давлатдории миллӣ ва пойдевори мустаҳками истиқлоли давлатӣ гузошта шуда, ба марҳилаи нави раванди эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди устувори иқтисодии кишвар оғоз бахшида шуд.

Маврид ба зикри хос аст, ки истиқлолу озодӣ ва сулҳу ваҳдат азизтарин неъматҳои дунё, рукни асосии давлатдорӣ ва кафили зиндагии шоистаи ҳар як фарди хушбахту соҳибватан мебошад.

Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас мебошад ва Мову Шумо дар ҳамбастагӣ бо шаҳрвандони бонангу номуси кишвар бояд ин неъматро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Кулли ҳамватанон ва сокинони пойтахти кишварро бори дигар бо ин санаи таърихӣ ва ҷашни миллӣ сидқан табрик намуда, ба онҳо саломатию хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромии пойдорро орзумандам.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!