Дар ҷаҳони муосир, ки бо таҳаввулоти босуръати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ тавсиф мегардад, масъалаи таъмини сулҳу суботи пойдор ба яке аз афзалиятҳои меҳварии ҷомеаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Равандҳои ҷаҳонишавӣ, тағйирёбии муносибатҳои геосиёсӣ, авҷ гирифтани низоъҳои мусаллаҳона, терроризму экстремизм, таҳдидҳои киберӣ, буҳронҳои иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар мушкилоти фаромиллӣ нишон медиҳанд, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки низоми мукаммали ҳамкории давлатҳо, эҳтироми ҳуқуқи инсон, таҳкими адолати иҷтимоӣ, рушди иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Дар чунин шароит ташаккули фарҳанги сулҳ, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳаммияти махсус пайдо менамояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз бештар аз ҳар вақти дигар ба ташаббусҳое ниёз дорад, ки метавонанд давлатҳо ва халқҳоро дар атрофи арзишҳои умумии инсондӯстӣ муттаҳид созанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ташаббускори масъалаҳои муҳими байналмилалӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ пайваста саҳми арзишманд дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ гузошта, сиёсати хориҷии худро бар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобил, ҳамкории созанда ва ҳалли мусолиматомези баҳсҳо роҳандозӣ намудааст.
Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи байналмилалӣ аҳаммияти хос дорад. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи ниҳоят душворро аз сар гузаронд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва низоми давлатдорӣ зарари ҷиддӣ расонд. Бо вуҷуди ин, иродаи сиёсии роҳбарияти давлат ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, дар мамлакат фазои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ барқарор гардад.
Ин таҷрибаи нодири сулҳофарӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи ҳалли мусолиматомези низоъҳо эътироф гардидааст. Аз ҳамин хотир, дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон аз иштирокчии равандҳои байналмилалӣ ба ташаббускори масъалаҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Агар солҳои пеш ташаббусҳои Тоҷикистон бештар ба масъалаҳои об ва рушди устувор равона шуда бошанд, имрӯз масъалаҳои сулҳ, амният, ҳифзи муҳити зист ва ҳамкории байналмилалӣ низ дар меҳвари сиёсати хориҷии кишвар қарор гирифтаанд.
Дар солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди як қатор ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ мавқеи худро ҳамчун давлати фаъол ва масъули ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳким бахшид. Қабули қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии оби тоза», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», «Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор"», «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Даҳсолаи илмҳои криосфера» далели эътирофи сиёсати созандаи Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳамин замина, пешниҳоди нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036) ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи давлат арзёбӣ мегардад. Ҳадафи асосии ин ташаббус муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри таҳкими сулҳи пойдор, пешгирии низоъҳо, рушди муколамаи байнифарҳангӣ, таҳкими эътимоди байни давлатҳо ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036) аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун иқдоми саривақтӣ ва дурбинона арзёбӣ гардид. Қабули қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид боз як далели равшани эътимоди ҷомеаи байналмилалӣ ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътирофи нақши фаъоли он дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мебошад. Ин санад давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, сохторҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба густариши ҳамкорӣ дар самти таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо, тарбияи фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои умумии башарӣ даъват менамояд.
Моҳияти Даҳсолаи байналмилалӣ танҳо ба баргузории ҳамоишҳо ё чорабиниҳои рамзӣ маҳдуд намегардад. Ҳадафи асосии он ташаккули муҳити нави ҳамкории байналмилалӣ мебошад, ки дар он сулҳ ҳамчун омили калидии рушди устувор, пешрафти иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист ва рушди илм эътироф мегардад. Таҷрибаи даҳсолаҳои охир нишон медиҳад, ки ҳеҷ як кишвар наметавонад дар шароити ҷанг, нооромӣ ва низоъҳои доимӣ ба рушди устувор ноил гардад. Аз ин рӯ, сулҳ бояд ҳамчун сармоягузории стратегӣ ба ояндаи инсоният арзёбӣ шавад.
Дар шароити кунунии ҷаҳон, ки шоҳиди низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногун мебошад, масъалаи таҳкими фарҳанги сулҳ аҳаммияти бештар касб кардааст. Миллионҳо нафар аз хонаҳои худ маҳрум гардида, ҳазорон муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва тандурустӣ хароб шудаанд. Ин равандҳо ба рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ, амнияти озуқаворӣ ва пешрафти илм таъсири манфӣ мерасонанд. Бинобар ин, ташаббуси Тоҷикистон ҷавоби воқеӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини асри XXI мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ роҳи пурпечутоби барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллиро тай намудааст, имрӯз метавонад таҷрибаи нодири худро ба ҷомеаи байналмилалӣ пешниҳод намояд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки соли 1997 ба имзо расид, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли мусолиматомези низоъҳои дохилӣ эътироф шудааст. Маҳз ҳамин таҷриба заминаи асосии ташаккули сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Дар меҳвари ин сиёсати созанда нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти сиёсии худ Пешвои миллат масъалаи барқарор намудани сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷиконро ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа муайян намуданд. Бо талошҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандона тавонистанд давлатро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, заминаи рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмиро фароҳам оваранд.
Имрӯз сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии ҳамин мактаби сулҳофарӣ мебошад. Тоҷикистон муносибатҳои худро бо тамоми давлатҳои ҷаҳон дар асоси принсипҳои эҳтироми соҳибихтиёрӣ, дахлнопазирии сарҳадҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ, ҳамкории мутақобилан судманд ва ҳалли осоиштаи баҳсҳо ба роҳ мондааст. Ин сиёсат имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои ташаббускори масъалаҳои глобалӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид табдил ёбад.
Дар доираи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, нақши илм ва ҷомеаи илмӣ низ аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки илм на танҳо воситаи пешрафти технология, балки омили муҳими таҳкими эътимод байни давлатҳо мебошад. Ҳамкориҳои илмӣ имконият медиҳанд, ки олимони кишварҳои гуногун новобаста аз ихтилофҳои сиёсӣ барои ҳалли масъалаҳои умумии инсоният муттаҳид шаванд. Таҳқиқоти муштарак дар самтҳои тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ, энергетика, технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи муҳити зист намунаи равшани «дипломатияи илмӣ» мебошанд.
Дар ин раванд Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон метавонад яке аз марказҳои муҳими татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалӣ гардад. Академия ҳамчун муассисаи олии илмии мамлакат дорои имкониятҳои васеъ барои анҷом додани таҳқиқоти байнисоҳавӣ, ташкили ҳамоишҳои байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои илмӣ ва тарғиби фарҳанги сулҳ мебошад. Омода намудани таҳқиқоти илмӣ оид ба омӯзиши омилҳои сулҳи пойдор, рушди таҳаммулпазирӣ, муқовимат ба ифротгароӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо метавонад саҳми назарраси олимони тоҷик дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалӣ бошад.
Яке аз самтҳои калидии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда рушди фарҳанги сулҳ тавассути низоми маориф ва илм мебошад. Дар шароите, ки ҷаҳони муосир бо густариши технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонӣ ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардидааст, тарбияи насли дорои ҷаҳонбинии сулҳпарвар, эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аҳаммияти хос касб менамояд. Таҷрибаи бисёр кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки пешгирии низоъҳо аз мактаб оғоз мегардад. Агар кӯдак аз овони хурдӣ дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми фарҳангҳои гуногун ва масъулияти иҷтимоӣ тарбия ёбад, эҳтимоли шомил гардидани ӯ ба гурӯҳҳои ифротӣ ё ҳаракатҳои харобиовар ба маротиб коҳиш меёбад.
Дар ҳамин замина, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ вазифадоранд, ки барномаҳои таълимиро бо ғояҳои сулҳофарӣ ғанӣ гардонанд. Омӯзиши таърихи сулҳ, дипломатия, ҳуқуқи байналмилалӣ, фарҳанги муколама, таҳаммулпазирии динӣ ва этникӣ, инчунин масъалаҳои рушди устувор бояд қисми ҷудонашавандаи низоми таҳсилот бошад. Ин раванд барои ташаккули шахсияти дорои масъулияти шаҳрвандӣ ва тафаккури созанда мусоидат менамояд.
Дар ин самт Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон метавонад ҳамчун маркази асосии таҳқиқоти илмӣ ва таҳияи сиёсати илмӣ-назариявӣ нақши муассир бозад. Имрӯз дар сохтори Академия институтҳои илмӣ дар самтҳои ҷомеашиносӣ, таърих, фалсафа, ҳуқуқ, иқтисодиёт, забоншиносӣ, табиатшиносӣ ва технологияҳои муосир фаъолият менамоянд. Ҳамкории байни ин муассисаҳо метавонад барои ташаккули як мактаби илмии омӯзиши сулҳ ва пешгирии низоъҳо заминаи боэътимод фароҳам оварад.
Таҳияи консепсияҳои илмӣ оид ба фарҳанги сулҳ, таҳқиқи омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии пайдоиши низоъҳо, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар самти дипломатияи сулҳ, таҳияи тавсияҳо барои мақомоти давлатӣ ва нашри осори илмӣ дар ин самт метавонад саҳми воқеии олимони тоҷик дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалӣ бошад. Инчунин таъсиси марказҳои махсуси таҳқиқоти сулҳшиносӣ ва дипломатияи илмӣ дар назди муассисаҳои илмӣ метавонад ба рушди таҳқиқоти байнисоҳавӣ мусоидат намояд.
Дар ҷаҳони муосир воситаҳои ахбори омма низ ба яке аз омилҳои муҳими ташаккули фарҳанги сулҳ табдил ёфтаанд. Агар аз як тараф, шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, барангехтани кинаву адоват ва таблиғи ифротгароӣ истифода шаванд, аз ҷониби дигар онҳо имконияти васеъ барои густариши фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро низ фароҳам меоранд. Аз ин рӯ, фаъолияти масъулонаи рӯзноманигорон, коршиносон ва муҳаққиқон дар фазои иттилоотӣ аҳаммияти стратегӣ дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои ахбори омма ва сохторҳои иттилоотӣ метавонанд дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалӣ нақши фаъол дошта бошанд. Омода намудани барномаҳои телевизионӣ, филмҳои мустанад, мақолаҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои илмӣ, конфронсҳои матбуотӣ, мизҳои мудаввар ва маъракаҳои иттилоотӣ оид ба арзиши сулҳ метавонад сатҳи маърифати ҷомеаро баланд бардорад. Махсусан, истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ барои ҷалби ҷавонон ба ташаббусҳои сулҳофарона бояд яке аз самтҳои афзалиятнок бошад.
Дар ин раванд, ҳамкории мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва воситаҳои ахбори омма аҳаммияти калидӣ дорад. Пайвастани иқтидори илмӣ бо фаъолияти иттилоотӣ метавонад боиси паҳн гардидани донишҳои боэътимод ва муқовимати муассир ба таблиғоти ифротгароӣ гардад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки мубориза бо идеологияи хушунат танҳо бо чораҳои ҳуқуқӣ маҳдуд намешавад. Пеш аз ҳама, ҷомеа бояд дорои сатҳи баланди маърифат, ҷаҳонбинии илмӣ ва фарҳанги сиёсӣ бошад.
Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалӣ мақоми махсус доранд. Имрӯз беш аз нисфи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба дониш, илм, фарҳанг ва рушди қобилиятҳои онҳо дар асл сармоягузорӣ ба сулҳи фардо мебошад. Ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ, инноватсионӣ, ихтироъкорӣ, волонтёрӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ метавонад онҳоро аз таъсири идеологияҳои ифротӣ эмин нигоҳ дорад.
Маҳз барои ҳамин сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамаҷонибаи ин қишри ҷомеа нигаронида шудааст. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ, марказҳои технологӣ, озмоишгоҳҳои муосир, дастгирии олимони ҷавон, таъсиси грантҳои президентӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ имконият фароҳам овардааст, ки ҷавонон неру ва қобилияти худро дар роҳи рушди давлат ва ҷомеа истифода намоянд. Ин тадбирҳо бо ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ пурра ҳамоҳанг мебошанд.
Илова бар ин, рушди «дипломатияи илмӣ» метавонад ба таҳкими эътимоди байни давлатҳо мусоидат намояд. Вақте олимон аз кишварҳои гуногун дар самти ҳалли масъалаҳои муштараки инсоният ҳамкорӣ мекунанд, онҳо на танҳо дониш, балки фазои эътимод, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмиро низ густариш медиҳанд. Тоҷикистон бо дарназардошти таҷрибаи ғании худ дар ташкили форумҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо метавонад чунин ҳамкориҳоро дар самти таҳкими сулҳ низ тавсеа бахшад.
Аз ин рӯ, Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда бояд на танҳо ҳамчун як санади байналмилалӣ, балки ҳамчун барномаи амали ҷаҳонӣ барои ташаккули фарҳанги нави муносибатҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардад. Ҳадафи асосии он бунёди ҷомеае мебошад, ки дар он илм, фарҳанг, маърифат, таҳаммулпазирӣ ва ҳамкории созанда ҷойгузини низоъ, боваринопазирӣ ва муқовимат мегарданд.
Яке аз вижагиҳои муҳими Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда дар он ифода меёбад, ки ин ташаббус ба як минтақа ё гурӯҳи муайяни давлатҳо маҳдуд намешавад, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро фаро мегирад. Сулҳ арзиши умумибашарӣ буда, ҳифз ва таҳкими он масъулияти муштараки ҳамаи давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Аз ин рӯ, татбиқи ҳадафҳои Даҳсола танҳо дар сурати ҳамоҳангии фаъолиятҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба, рушди дипломатияи бисёрҷониба ва густариши ҳамкориҳои илмӣ самараи дилхоҳ хоҳад дод.
Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳамчун яке аз марказҳои муҳими муколамаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои сулҳ баромад намояд. Тайи солҳои охир Душанбе ба макони баргузории конфронсҳо, форумҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор табдил ёфтааст. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дорои имкониятҳои сиёсӣ, ташкилӣ ва дипломатӣ барои роҳандозии чорабиниҳои сатҳи баланд мебошад. Ташкили форумҳои байналмилалӣ оид ба дипломатияи сулҳ, илм барои сулҳ, ҷавонон ва сулҳ, инчунин нақши занон дар таҳкими сулҳи пойдор метавонад яке аз самтҳои муҳими татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ бошад.
Самти дигари муҳими Даҳсола рушди «дипломатияи илмӣ» мебошад. Дар даҳсолаҳои охир ин мафҳум ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дипломатияи илмӣ аз он иборат аст, ки илм ҳамчун воситаи таҳкими эътимод байни давлатҳо, рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳалли масъалаҳои умумии инсоният истифода бурда мешавад. Новобаста аз ихтилофҳои сиёсӣ, олимон метавонанд дар доираи таҳқиқоти муштарак ҳамкорӣ намоянд ва барои ҳалли мушкилоти глобалӣ саҳм гузоранд.
Дар ин ҷода Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имкониятҳои назаррас дорад. Тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ бо академияҳо ва марказҳои илмии давлатҳои хориҷӣ, амалисозии лоиҳаҳои байналмилалии таҳқиқотӣ, мубодилаи олимон ва донишҷӯён, баргузор намудани конференсияҳои байналмилалӣ ва таъсиси шабакаҳои илмии минтақавӣ метавонанд саҳми Тоҷикистонро дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалӣ боз ҳам муассир гардонанд.
Илм ҳамеша ҳамчун неруи муттаҳидкунандаи инсоният хизмат кардааст. Таърих собит намудааст, ки дастовардҳои илмӣ танҳо дар шароити сулҳу субот рушд мекунанд. Ҳангоми мавҷуд будани ҷангҳо ва низоъҳои мусаллаҳона, фаъолияти муассисаҳои илмӣ халалдор гардида, олимон маҷбур мешаванд фаъолияти худро қатъ намоянд ё муҳоҷират кунанд. Аз ин рӯ, сулҳ на танҳо шарти рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, балки заминаи асосии пешрафти илм ва технология низ мебошад.
Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои охир рушди илм ва инноватсия ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст, татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалӣ метавонад бо барномаҳои миллии рушди илм ҳамоҳанг карда шавад. Таъсиси озмоишгоҳҳои муосир, рушди технологияҳои рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, омӯзиши масъалаҳои амнияти экологӣ, энергетикаи сабз ва иқтисоди рақамӣ на танҳо ба рушди мамлакат мусоидат менамоянд, балки заминаи таҳкими сулҳу суботи дарозмуддатро низ фароҳам меоранд.
Нақши фарҳанг дар таҳкими сулҳ низ хеле муҳим аст. Фарҳанг воситаи пуриқтидори наздик намудани халқҳо, эҳтироми гуногунрангии тамаддунҳо ва рушди муколамаи байнифарҳангӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни башар дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ мебошад. Осори безаволи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар мутафаккирони тоҷик арзишҳои сулҳ, инсондӯстӣ, адолат ва маърифатро тараннум намудаанд. Омӯзиш ва муаррифии ин мероси гаронбаҳо метавонад дар ташаккули фарҳанги сулҳ саҳми арзанда гузорад.
Ҳамзамон, аҳаммияти иқтисодии сулҳро низ набояд нодида гирифт. Сулҳи пойдор муҳити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ, тавсеаи савдо, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро фароҳам меорад. Дар шароити сулҳу субот давлат метавонад захираҳои худро ба рушди маориф, илм, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист ва технологияҳои нав равона намояд. Баръакс, ҷанг ва нооромӣ боиси афзоиши хароҷоти низомӣ, коҳиши рушди иқтисодӣ ва паст гардидани сифати зиндагии мардум мегарданд.
Аз ин рӯ, Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда бояд ҳамчун барномаи сармоягузорӣ ба рушди устувори инсоният арзёбӣ гардад. Ҳар як иқдоме, ки ба пешгирии низоъҳо, баланд бардоштани маърифати ҷомеа, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди илм мусоидат мекунад, дар асл сармоягузорӣ ба ояндаи осоиштаи наслҳои минбаъда мебошад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалӣ имконияти навро ҷиҳати таҳкими мақоми байналмилалии кишвар фароҳам меорад. Бо истифода аз таҷрибаи нодири сулҳофарӣ, иқтидори дипломатӣ ва имкониятҳои илмӣ, Тоҷикистон метавонад яке аз пешсафони татбиқи амалии ин ташаббуси ҷаҳонӣ гардад. Ин раванд на танҳо обрӯи байналмилалии мамлакатро тақвият мебахшад, балки ба рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон низ мусоидат хоҳад кард.
Дар шароити мураккаби муносибатҳои байналмилалии асри XXI масъалаи таҳкими сулҳ ба яке аз ҳадафҳои калидии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои терроризм ва экстремизм, паёмадҳои тағйирёбии иқлим, мушкилоти иқтисодӣ ва гуманитарӣ собит менамоянд, ки рушди устувори инсоният бе мавҷудияти сулҳу суботи пойдор ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, қабули ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036) аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид на танҳо як рӯйдоди муҳими сиёсӣ, балки оғози марҳилаи нави ҳамкориҳои байналмилалӣ дар роҳи таъмини сулҳи пойдор ба ҳисоб меравад.
Ин ташаббус бозгӯи сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфтааст. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон дар роҳи барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории муосир имрӯз ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Маҳз ҳамин таҷрибаи нодир ба Тоҷикистон имконият фароҳам овардааст, ки имрӯз бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти сулҳ, рушди устувор, ҳифзи захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳои умумибашарӣ баромад намояд.
Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда бояд ҳамчун барномаи фарогири ҷаҳонӣ арзёбӣ гардад, ки ҳадафи он муттаҳид намудани неруи давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ, марказҳои таҳқиқотӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як инсони масъул дар роҳи таҳкими сулҳ мебошад. Муваффақияти татбиқи ин ташаббус пеш аз ҳама ба сатҳи ҳамоҳангии фаъолияти ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор вобаста хоҳад буд.
Дар ин раванд нақши илм ва дипломатияи илмӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Илм ҳамчун забони умумии инсоният метавонад барои таҳкими эътимод байни давлатҳо, пешгирии низоъҳо ва рушди ҳамкориҳои созанда хизмат намояд. Аз ин рӯ, иштироки фаъолонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалӣ бояд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати илмии мамлакат гардад.
Ҳамзамон, зарур аст, ки фаъолияти илмӣ танҳо бо таҳқиқоти назариявӣ маҳдуд нагардад. Натиҷаҳои илмӣ бояд ба таҳияи тавсияҳои амалӣ барои мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намоянд. Ин раванд имконият медиҳад, ки донишҳои илмӣ ба як воситаи муассири таҳкими сулҳу субот табдил ёбанд.
Тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон, фарҳанги муколама ва масъулияти шаҳрвандӣ низ яке аз шартҳои асосии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалӣ мебошад. Зеро маҳз ҷавонони имрӯз созандагони ҷомеаи фардо мебошанд ва ояндаи сулҳу суботи ҷаҳон аз ҷаҳонбинӣ, маърифат ва масъулияти онҳо вобастагии мустақим дорад.
Бо дарназардошти аҳаммияти стратегии ин ташаббус, пешниҳод мегардад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи миллии татбиқи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда таҳия ва қабул карда шавад. Дар доираи чунин барнома метавон баргузории форумҳои байналмилалӣ, конфронсҳои илмӣ, таҳқиқоти байнисоҳавӣ, лоиҳаҳои ҷавонон, барномаҳои омӯзишӣ, маъракаҳои иттилоотӣ ва чорабиниҳои фарҳангиро ба нақша гирифт. Ҳамчунин таъсиси Маркази миллии таҳқиқоти сулҳ ва дипломатияи илмӣ дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон метавонад ба ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ дар ин самт мусоидат намояд.
Дар баробари ин, зарур аст, ки масъалаҳои таҳкими сулҳ ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, стратегияҳои рушди илм, консепсияҳои сиёсати ҷавонон ва барномаҳои рушди фарҳанг ворид карда шаванд. Ин иқдом имконият медиҳад, ки фарҳанги сулҳ ҳамчун ҷузъи муҳими тафаккури ҷомеа ташаккул ёбад.
Хулоса, Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036) танҳо як ташаббуси дипломатӣ нест, балки даъвати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъулияти муштарак дар назди инсоният мебошад. Тоҷикистон бо пешниҳоди ин ташаббуси таърихӣ бори дигар собит намуд, ки сиёсати хориҷии он бар арзишҳои сулҳ, ҳамкорӣ, эҳтироми мутақобил ва рушди устувор асос ёфтааст. Татбиқи босамари ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалӣ метавонад барои ташаккули низоми нави ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳкими фарҳанги сулҳ ва таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу оянда заминаи устувор фароҳам оварад.
Дар шароите, ки ҷаҳон ба ҳамбастагӣ, эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ беш аз ҳар вақти дигар ниёз дорад, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳамчун яке аз муҳимтарин саҳмҳои ҷомеаи байналмилалӣ дар роҳи бунёди ҷаҳони орому осуда ва рушди устувори инсоният дар асри XXI арзёбӣ гардад. Ин рисолати таърихӣ аз ҳар як давлат, ҳар як муассисаи илмӣ ва ҳар як фарди ҷомеа масъулияти баланд, ҷаҳонбинии созанда ва иштироки фаъолро тақозо менамояд. Танҳо тавассути ҳамгироии талошҳои муштарак метавон сулҳро ҳамчун арзиши ҷовидонаи башарият ҳифз намуда, онро барои наслҳои имрӯз ва фардо мероси пойдор гардонид.
Каримов Олимҷон Худойбердиевич - муовини директор оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои математика ва физика

